DUSHANBE GRAND SLAM 2024. 390 варзишгар аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон барои ҷойҳои ифтихорӣ қувва меозмоянд
ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), барои иштирок дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2024» 390 варзишгар аз 65 кишвари панҷ қораи ҷаҳон номнавис шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ба иттилои Федедаратсияи ҷудои Тоҷикистон, беш аз 200 варзишгар дар Осоишгоҳи «Шоҳамбарӣ» ва боқимонда дар меҳмонхонаҳои шаҳри Душанбе бо шароити хуби истиқоматӣ ва тамрин фаро гирифта шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе бори аввал дар таърих 3-5 май дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2024» доир мегардад.
Пешниҳоди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар бораи шуруъ аз соли 2024 дар пойтахти Тоҷикистон доир намудани яке аз мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо- «Grand Slam» оид ба ҷудо аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пазируфта шудааст.
Бояд гуфт, ки пеш аз Бозиҳои олимпии Париж-2024 барои иштирок дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2024» беҳтаринҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омадаанд ва барои дарёфти ҷоизаҳо ва имтиёзҳои олимпӣ талош менамоянд.
Барномаи мусобиқа:
3 май (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг байни занон; -60 кг, -66 кг байни мардон.
4 май (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг байни занон; -73 кг, -81 кг байни мардон.
5 май (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг байни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг байни мардон.
Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ ба ҷуз аз медал соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ мешаванд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






