DUSHANBE GRAND SLAM 2024. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 37 ҷудочӣ иштирок менамоянд
ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон маротибаи аввал мизбони мусобиқаи байналмилалӣ- Гранд Слами Душанбе оид ба гӯштини ҷудо мешавад. Дар ин хусус дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Мусобиқаи байналмилалӣ — Гранд Слами Душанбе оид ба гӯштини ҷудо аз 3 то 5 майи соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзишии обӣ»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Дар Гранд Слами Душанбе оид ба гӯштини ҷудо 390 варзишгар аз 65 давлати ҷаҳон ва 5 қитъаи олам барои иштирок номнавис шудаанд. Инҳо 204 мард ва 186 зан мебошанд, ки аз рӯи 14 вазн барои имтиёзҳои олимпӣ рақобат менамоянд.
Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 37 ҷудочӣ иштирок менамоянд.
Мардон:
Вазни -60 кг: Меҳрзод Суфиев, Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Муҳаммад Маҳмадизода, Ҳақдод Гулов.
Вазни -66 кг: Обид Ҷебов, Муллораҷаб Халифаев, Ёсин Бобокалонов, Муқтадири Бобоҷон.
Вазни -73 кг: Беҳрӯз Хоҷазода, Абубакр Шеров, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов.
Вазни -81 кг: Сунатулло Лоиқов, Сайфиддин Сайфиддинзода, Сунатулло Мусоев, Раҳматуллобек Фарҳодов.
Вазни -90 кг: Комроншоҳ Устопириён, Шодмон Ризоев, Акмал Муродов, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода.
Вазни -100 кг: Ҷаҳонгир Маҷидов, Парвиз Абдураҳмонов, Эмомризо Анварзода, Кароматулло Ҳакимов.
Вазни +100 кг: Темур Раҳимов, Раҳмон Мансур, Некрӯзшоҳ Некбахтзода, Шарифҷон Назриев.
Духтарон:
Вазни -48 кг: Райҳона Розиқзода.
Вазни -52 кг: Аҳлия Мӯъминова, Насиба Карликова, Мадина Қурбонзода.
Вазни -57 кг: Фазилат Гулбоева, Раҳмия Ханҷарбекова.
Вазни -63 кг: Шоҳида Қаландарова, Ҷонона Назарова.
Вазни -70 кг: Мавлуда Одинаева.
Хотиррасон менамоем, ки «Шоҳи ҷаҳонии ҷудо»- Тедди Ринер дар байни сангинвазнҳо ба шаҳри Душанбе меояд ва дастаи мунтахаби Фаронсаро муаррифӣ мекунад. Варзишгари шинохтаи ҷопон ва ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо Шоҳей Оно ба ҳайси меҳмони фахрӣ дар мусобиқаи байналмилалӣ- Гранд Слами Душанбе оид ба гӯштини ҷудо иштирок менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ ба варзишгарони муваффақ тақдим гардид
АРТИШИ МИЛЛӢ — КАФИЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баргузор мегардад
Дар мусобиқаи байналмилалии «Tashkent Grand Slam 2026» оид ба гӯштини ҷудо 17 варзишгари тоҷик иштирок менамояд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Хиросима иштирок мекунад
ҶОМИ ФФТ-2026. Ҷуфтҳои даври нимниҳоии мусобиқа муайян шуданд
Федератсияи футболи Тоҷикистон Суҳроб Сатторовро барои фаъолияти арзанда дар Ҷоми Осиё-2026 қадрдонӣ намуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор гардид






