ФОРУМИ ЗАНОНИ ОСИЁ-2024. Ҳайати Тоҷикистон масъалаҳои муҳими гендерӣ ва нақши занон дар ҳаёти ҷомеаро баррасӣ менамояд

Май 13, 2024 15:40

ДУШАНБЕ, 13.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 13 май дар шаҳри Самарқанди Узбекистон Форуми занони Осиё-2024 ба кор оғоз намуд, ки ду рӯз идома меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканд хабар медиҳад.

Дар форум намояндагони сӣ давлати Осиё иштирок доранд. Форум бо паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев оғоз ёфт, ки онро Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон қироат намуд.

Форум аз ҳашт бахш иборат буда, дар кори он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзуллозода, вакилони Парлумон ва намояндагони ташкилоти ғайриҳукуматӣ иштирок менамоянд.Дар форум, аз ҷумла масъалаҳои муҳими гендерӣ ва нақши занон дар ҳаёти ҷомеа баррасӣ мегардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 13, 2024 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд