«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар Норак даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 14.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 13 май дар Қасри фарҳанги шаҳри Норак даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид, ки мақсад аз баргузории он баланд бардоштани завқи китобхонӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон ва ғанӣ гардонидани захираи луғавии қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатии шаҳри Норак.
Иброз шуд, ки бо ташаббусу дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар радифи самтҳои гуногуни илму маориф ба соҳаи китобдорӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.
Маҳз ҳамин дастгириҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат аст, ки солҳои охир соҳаи китобдорӣ ва омӯзиши илму дониш рӯз ба рӯз рушд намуда, сафи иштирокдорони озмунҳо зиёд мегардад.
Дар даври якуми озмун дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 3188 довталаб иштирок намуда, аз ин шумора 956 нафар ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт.
Ҳакамон ба баромади ҳар довталаб тибқи талаботи Низомномаи озмун баҳо мегузоранд. Озмун чанд рӯз идома ёфта, довталабон кӯшиш доранд, ки натиҷаҳои беҳтар ба даст оранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимият давлатии шаҳри Норак








Зиёда аз 5 ҳазор нафар довталаб ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд
1744 нафар довталаб аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» роҳхат гирифтанд
22 июн даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз меёбад
Дар Ҳисор даври шаҳрии Озмуни ҷумҳурияви «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст шуд
Дар даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2677 довталаб иштирок менамояд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» баргузор гардид
Дар Душанбе ғолибони даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2026» муайян гардиданд
Аз ноҳияи Рӯдакӣ ба даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» 66 нафар роҳхат гирифт
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» 114 нафар иштирок намуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» дар Ҳисор беш аз 1400 довталаб маҳорат месанҷанд






