Имрӯз бори нахуст Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 май нахустин маротиба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ NoA/RES/78/281 қабул гардида буд, дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил карда мешавад.
Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол имрӯз дар тамоми манотиқи Тоҷикистон чорабиниҳо баргузор карда мешаванд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Кӯлоб, Хоруғ, Мурғоб, Ашт, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Рашт фестивалҳои футбол доир мешаванд, ки дар онҳо 5 ҳазор кӯдак иштирок менамоянд. Фестивали асосӣ 25 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки дар он 600 кӯдаку наврас фаро гирифта мешавад.
Илова бар ин, пеш аз баргузории бозиҳои Лигаи олӣ ва якуми Тоҷикистон, инчунин бозиҳои Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол иқдоми вижа рӯйи даст гирифта мешаванд.
Тавре Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод ба Созмони Милали Муттаҳид барои «Рӯзи ҷаҳонии Футбол» расман эълон гардад, таъкид шуда буд: «Варзиш дар ҳаёти инсоният аз ҷумлаи беҳтарин роҳҳои беҳдошти саломатӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, инчунин василаи муҳимтарини пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад. Мардумони сайёраи Замин бештар аз 150 сол аст, ки ба футбол машғуланд ва ин бозӣ аз замони пайдоиш то кунун як вазифа ва як ҳадаф дорад, ки он ба ҳам овардани инсонҳо мебошад. Имрӯз ҳатто дар хурдтарин мамлакати олам одамон ба футболбозӣ машғуланд, яъне футбол ҳамчун маҳсули эҷоди тафаккури инсонӣ аз як бозии оддӣ ба омили пайвандгари инсоният табдил ёфтааст. Маълум аст, ки футбол дар баъзан кишварҳо ҳамчун варзиш маъруф аст, вале он танҳо як бозӣ нест. Ин намуди варзиш як падидаи фарҳанги умумиҷаҳонист, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур мекунад. Ин як варзишест, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони унверсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунад. Бо назардошти ин пешниҳод дорам, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳони эътироф карда, дар Созмони Милали Муттаҳид аз тариқи қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии Футбол» расман эълон гардад».
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








16 бинои муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ таъмир гардид
Интернети бештар ва рақами қиматбаҳо: фоидаи тарофаҳои пешпардохтӣ дар чист?
Оид ба таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Дар Бадахшон беш аз 300 нафар ҳунарманд фаъолият мекунад
Дар Искандаркӯл ба бунёди меҳмонхона ва иншооти муосири сайёҳӣ санги асос гузошта шуд
Азхуд намудани донишҳои замонавӣ беҳтарин роҳ бар зидди ҷаҳолату хурофот аст. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хазинаи Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 400 нусха китоб тақдим намуд
Намояндагони воситаҳои ахбори омма бояд дар муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон нақши муассир дошта бошанд
ҶОЙГОҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР САҲНАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши барф дар назар аст






