Имрӯз бори нахуст Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мегардад

Май 25, 2024 08:25

ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 май нахустин маротиба  Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ NoA/RES/78/281 қабул гардида буд, дар сатҳи байналмилалӣ таҷлил карда мешавад.

Аз ҷумла, бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол имрӯз дар тамоми манотиқи Тоҷикистон чорабиниҳо баргузор карда мешаванд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар дувоздаҳ шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон – Душанбе, Хуҷанд, Данғара, Турсунзода, Ҳисор, Кӯлоб, Хоруғ, Мурғоб, Ашт, Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон ва Рашт фестивалҳои футбол доир мешаванд, ки дар онҳо 5 ҳазор кӯдак иштирок менамоянд. Фестивали асосӣ 25 май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки дар он 600 кӯдаку наврас фаро гирифта мешавад.

Илова бар ин, пеш аз баргузории бозиҳои Лигаи олӣ ва якуми Тоҷикистон, инчунин бозиҳои Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол иқдоми вижа рӯйи даст гирифта мешаванд.

Тавре Раиси Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод ба Созмони Милали Муттаҳид барои «Рӯзи ҷаҳонии Футбол» расман эълон гардад, таъкид шуда буд: «Варзиш дар ҳаёти инсоният аз ҷумлаи беҳтарин роҳҳои беҳдошти саломатӣ ва пешбурди тарзи ҳаёти солим, инчунин василаи муҳимтарини пайванди халқу миллатҳои гуногун ба шумор меравад. Мардумони сайёраи Замин бештар аз 150 сол аст, ки ба футбол машғуланд ва ин бозӣ аз замони пайдоиш то кунун як вазифа ва як ҳадаф дорад, ки он ба ҳам овардани инсонҳо мебошад. Имрӯз ҳатто дар хурдтарин мамлакати олам одамон ба футболбозӣ машғуланд, яъне футбол ҳамчун маҳсули эҷоди тафаккури инсонӣ аз як бозии оддӣ ба омили пайвандгари инсоният табдил ёфтааст. Маълум аст, ки футбол дар баъзан кишварҳо ҳамчун варзиш маъруф аст, вале он танҳо як бозӣ нест. Ин намуди варзиш як падидаи фарҳанги умумиҷаҳонист, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоиву иқтисодиро убур мекунад. Ин як варзишест, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони унверсалӣ сухан мегӯяд, ки ба ҳамагон маълум аст, яъне аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунад. Бо назардошти ин пешниҳод дорам, ки нақши футболро дар сатҳи ҷаҳони эътироф карда, дар Созмони Милали Муттаҳид аз тариқи қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Рӯзи ҷаҳонии Футбол» расман эълон гардад».

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Май 25, 2024 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд