Имрӯз Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» анҷом меёбад

Май 5, 2024 09:48

ДУШАНБЕ, 05.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар муҷтамаи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024», ки дар он шуруъ аз 3 май молу маҳсулоти  65 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта шуд, анҷом меёбад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, дар он ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла  Русия, Беларус, Узбекистон, Чин, Покистон ва  Туркия намунаи маҳсулоти мошинсозӣ, маводи кимиё, саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, инчунин масолеҳи сохтмониро муаррифӣ намуданд.

Тавре масъулин иброз доштанд, мақсад аз баргузории намоишгоҳ- муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, ворид намудани технологияи нав, ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак мебошад.

Мақсади баргузории намоишгоҳ дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, фармасевтика ва ороиши гигиенӣ, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли чароғаки роҳнамо ва ғайра ба харидорону меҳмонон пешкаш намудани молу маҳсулот буд.

Бояд ёдовар шуд, ки Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» аз соли  2016 инҷониб ба ширкатҳои ватанӣ барои намоиши дастовардҳои онҳо мусоидат ва ба ширкатҳои хориҷӣ барои дарёфти мавқеи онҳо дар бозори мамлакат кумак менамояд.

АКС: Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон

Май 5, 2024 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд