«КАМОЛИ ОДАМӢ ДАР ИЛМ БОШАД…». Имрӯз 1020-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ таҷлил карда шуд

Май 31, 2024 13:55

ДУШАНБЕ, 31.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Носири Хусрави Қубодиёнӣ шоири насиҳатгар ва омӯзгори ботаҷрибаи ҳаёт аст. Дар осори ин адиби чирадаст тавсифи хирад ва илму ҳикмат, ситоишу тарғиби маърифатандӯзию ақлгароӣ басе фаровон мушоҳида мешавад.

Камолот, азамату қудрату хештаншиносии инсон аз нигоҳи суханвар бастагӣ ба хирад доранд. Фазилату маърифат аст, ки инсонро бар махлуқоти дигар бартарӣ мебахшад.

Шоири файласуф ҷавҳару сиришти инсони комилро таркибёфта аз илм медонад ва каси бемаърифатро инсони ноқису шахси беҳилмро орӣ аз ҷамолу зебоӣ мешуморад.

Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад,
Камоли одамӣ дар илм бошад.

Ин матлаб имрӯз зимни баргузории конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ бахшида ба 1020-солагии Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар мавзуи «Масъалаҳои поэтика ва мушкилоти матншиносии осори Носири Хусрав» дар Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ баён гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ Фарангис Шарифзода зимни ифтитоҳи конференсия иброз намуд, ки Носири Хусрав чеҳраи дурахшони адабу фарҳанг ба шумор меравад. Зеро шоир бо орову афкори милливу ватандӯстонааш дар бедории фикри мардум хизмати пурарзиш ва бузург кардааст, ки халқи олам онҳоро эътироф дорад.

Тавре доктори илмҳои фалсафа, профессори кафедраи диншиносии факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Идибек Зиёев иброз намуд, «ба андешаи Носири Хусрав, инсон дар баробари нафси руҳон, дорои ҷисми моддӣ низ мебошад, ки ахирӣ аз чаҳор нахустунсур (хок, об, ҳаво ва оташ) иборат мебошад. Иродаи инсон аз бисёр ҷиҳат аз ирода ва саъю талоши инсон вобаста аст».

Дар ин маврид Носири Хусрав гуфтааст: «Аввалин иродаи нафс ба даст овардани вуҷуди абадӣ мебошад. Ва ин чизе аз ҷисмоният нест. Дуввумин иродаи инсон он аст, ки ӯ дарк кунад, ки ӯро барои чӣ офаридаанд».

Ба гуфти Идибек Зиёев, дар фалсафаи Носири Хусрав назарияи маърифат низ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Доир ба ин масъала дар асарҳояш «Зод-ул-мусофирин», «Ҷомеъ ул-ҳикматайн», «Ваҷҳи дин» ва «Хон ул-ихвон» изҳори андеша кардааст. Ба ақидаи ӯ, «ҷавҳари илм ҳамон низоми олам аст, ки аз Ақли кулл бархоста, ҳамаи мавҷудотро фаро мегирад ва ҷараёни ҳастиро маърифат кардани инсон барқарор намудани иртибот дар байни ақли фардии инсонӣ ва ахтари ҳақиқии олам мебошад».

Файласуф ҳамчунин доир ба маърифати ҳиссию ақлӣ низ бисёр ақидаҳои ҷолиб иброз доштааст, ки инсон ба василаи он аз асрори ниҳонии олам бархурдор мегардад.

Ба гуфти доктори илмҳои фалсафа, мудири шуъбаи Синошиносии Институти фалсафаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Рамазон Назариев, манзалату ҷойгоҳи донишу маърифат дар осори ҳакими суханвар воло аст. Шоир ҳеҷ чизеро барои инсон болотар аз илм намеҳисобад. Аз ин рӯ, илмро ба азизтарину қиматтарин неъмат – ба ҷон баробар ва шахси ҷоҳилу маҳрум аз донишро чун ҷасади беҷон медонад:

Тан ба ҷон зинда-сту ҷон зинда ба илм,
Дониш андар кону ҷонат гавҳар аст.
Илм ҷони ҷони туст, эй ҳушёр,
Гар биҷўйӣ ҷони ҷонро, дархур аст.
Сўйи доно, эй бародар, ҳамчунон-к
Ҷон танатро, илм ҷонро модар аст.

Дар ҷараёни конференсияи иштирокдорон вобаста ба асари «Сафарнома»-и Носири Хусрав маъруза карда, иброз намуданд, ки ин нахустин асаре аст, ки дар адабиёти тоҷик дар жанри сафарнома навишта шудааст. «Сафарнома» хотироти сафари ҳафтсолаи Носири Хисравро аз 5 марти соли 1046 то 23 октябри соли 1052 дар бар мегирад. Вай дар муддати ин сафар 2220 фарсанг- 17 ҳазор километр масофаро тай намуда, шаҳру вилоятҳои мамлакатҳои Шарқи Миёнаю Наздик- Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Осиёи Хурд, Сурия, Ҳиҷоз, Миср, Яман, Тунис, Фаластин, Ироқ ва ғайраро саёҳат намуда, ранҷу машаққати зиёде аз сар гузаронидааст.

Носири Хусрав дар «Сафарнома» аввал дар бораи зиндагиаш қабл аз мусофират мухтасар таваққуф намуда, баъд бевосита ба баёни хотироти айёми сафар мепардозад. «Сафарнома» сюжети муайяну ягона надошта, асосан хотироти ҳаррӯзаи сафар, чизҳои дидаву шунидаи муаллифро дар бар гирифтааст. Маълумоту хотироти сафар дар асар мувофиқи тартиби санаҳои ба шаҳру вилояте расидани муаллиф паи ҳам ҷойгир карда шудаанд.

«Саодатнома» ва «Рӯшноинома»-и ӯ панди судманде мебошанд, ки ба мардум роҳи зиндагии хуши инсониро нишон медиҳанд. Фарқ кардани дӯст аз душман, дар дӯстӣ бовафо будан, эҳсон кардан, некӯхоҳ ва роҳатрасон будан, тамаъ ва хорӣ накардан аз хислатҳои ахлоқи ҳамидаи инсонӣ мебошанд, ки ӯ бо ашъори равшани худ тарғибу ташвиқ менамояд. Тамоми мақсаду мароми Носири Хусрав аз панд додану ахлоқ омӯхтан, даъват барои инсони комил будан иборат аст.

Тавре гуфтааст:

Зи мардум зодаӣ – бо мардумӣ бош!
Чӣ бошад дев будан? Одамӣ бош!

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2024 13:55

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд
Дар Маркази фарҳангии мероси исломии «Ярмук»-и Кувайт Шоми мусиқии классикии тоҷикӣ баргузор гардид
Дар Донишкадаи санъати театрии Русия спектакли «Заҳҳок» намоиш дода шуд
Филми ҳунарии «Дов» дар кинофестивали байналмилалӣ дар Русия соҳиби ҷоиза гардид
Дар Москва рушди ҳамкории муассисаҳои таълимӣ дар соҳаи фарҳангу санъат баррасӣ гардид
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Бо Пешвои миллати фарҳангдӯст ва ҳунарпарварамон ифтихор дорем
Доир ба иқдоми бунёдкоронаи Пешвои миллат ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон осори қадимии таърихии 150-ҳазорсола дарёфт гардид
«ПЕШВОИ МИЛЛАТ-ҲОМИИ ЗАБОНУ ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонону забоншиносон доир шуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт ба анҷом мерасанд