Имсол кишоварзони Тоҷикистон дар зиёда аз 440 ҳазор гектар кишти баҳории зироат мегузаронанд

Май 18, 2024 14:32

ДУШАНБЕ, 18.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақша, имсол дар Тоҷикистон дар 440 ҳазору 727 гектар кишти баҳории зироат гузаронида мешавад. То 13 май дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонӣ дар зиёда аз 395 ҳазор гектар кишти баҳории зироат гузаронида шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, майдони киштшударо  ғалладонагиҳо, зироати техникӣ, равғандеҳ, полезӣ, сабзавот ва хӯроки чорво ташкил медиҳанд.

Коршиноси Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои кишоварзӣ Назрулло Тошалиев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки агар мо заминро самаранок истифода намоем, аз як замин ду ҳосил не, балки чор ҳосил низ гирифтан мумкин аст.

«Баъд аз ҷамъоварӣ намудани ҳосили картошка ва пиёз мо метавонем дар ин замин зироати донагӣ парвариш намоем ва дар қаторҷӯйҳои он кишти офтобпараст гузаронем. Пас аз ҷамъоварии зироати донагӣ кишоварзон ҷуворимакка кишт намуда метавонанд, ки ин ҳам барои дон ва ҳам хӯроки чорво зироати муфид аст»,- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Мавсуф иброз дошт, ки яке аз шартҳои муҳим- ин киштгардон мебошад. Агар дар як замин ду ё се сол як зироатро кишт намоем, ҳосили он кам мегардад. Инчунин мо бояд маданияти заминдориро баланд бардорем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз ҳар қитъа замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем.

Назрулло Тошалиев иброз медорад, ки «Як рӯзи баҳор- пур кунад анбор», яъне бояд аз ин рӯзҳо хуб истифода намуд. Инчунин зироати киштшударо бояд хуб нигоҳубин намуд ва додани нуриҳои минералӣ ё органикиро фаромӯш набояд кард.

 АКС аз бойгонӣ

Май 18, 2024 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба беш аз 21 миллиард сомонӣ расид
«Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2026–2030» 31,2 фоиз иҷро гардид
Дар Тоҷикистон 7136 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин бартараф карда шуд
Ҳамкории БАТР бо Тоҷикистон дар соҳаи энергетика тақвият меёбад
Дар Нозироти андози шаҳри Ваҳдат 804 субъекти хоҷагидори амалкунанда сабти ном шудааст
Дар Душанбе Фестивали занбӯрпарварон, намоиш ва фурӯши асал баргузор шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна картошка ҷамъоварӣ гардидааст
Дар шаҳри Норак Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии «Ганҷинаи хатлон» баргузор гардид
Мутахассисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд