Конфронси байналмилалии «Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он» дар Давлати Кувайт баргузор мешавад

Май 25, 2024 15:43

ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 май мулоқоти муштараки Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Мутаҳид Ҷонибек Ҳикмат, мушовири Намояндаи доимии Давлати Кувайт дар Созмони Милали Муттаҳид Файсал Аленезӣ  бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид Владимир Воронков доир гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо перомуни масоили омодагии Конфронси байналмилалии сатҳи баланди “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм ва маблағгузории он”, ки моҳи ноябри имсол дар Давлати Кувайт баргузор мегардад,  табодули афкор намуданд.

АКС: Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Май 25, 2024 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт оид ба бахши сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Дар Туркманистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид
Ашрафҷон Гулов бо Сафири навтаъйини Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Носир Ҳувайдин Зайбон Алӣ Ал-Катбӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи навбатии Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд