КОРНАМОИҲОИ ФАРЗАНДОНИ САРСУПУРДАИ МИЛЛАТ ФАРОМӮШ НАМЕШАВАНД. Эҳдо ба 30-солагии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 28, 2024 08:42

ДУШАНБЕ, 28.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 28 май дар Тоҷикистон 30-солагии таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат таҷлил мегардад.

Бояд иброз намуд, ки 30 майи соли 1994 бо Фармони Раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани Қӯшунҳои сарҳадии Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд ва бо ҳамин фармон 28 май расман Рӯзи сарҳадбонон эълон карда шуд.

Таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ, ки ҳадафи асоси он таҳким бахшидани ҳифзи марзҳои давлатӣ, пешгирӣ кардани амалиёти террористӣ, тақвият бахшидани мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон буд, дар роҳи пурзӯр намудани қудрати ҳарбии давлати ҷавони Тоҷикистон қадами устувор гардид.

Дар ин рӯз месазад аз қаҳрамонии сарбозон, хизматчиёни ҳарбие, ки моҳи сентябри соли 2022 дар ҳимояи марзи давлатӣ ҷонфидоӣ намудаанд, аз ҷумла Шуҳрат Наҷмиддинзода, Сафаралӣ Ҳасан, Нусратуллои Фатҳулло, Олимназар Холиқназаров, Хирадманд Усмонзода, Ғолиб Абдунабиев, Салоҳиддин Муъминов ва дигарон ёдовар шавем, зеро онҳо бо ҷонфидоии худ марзи Ватанро ҳимоя карда, барои зиндагии осоиштаи мардум ва сулҳу оромӣ ҷонбозиҳо намуданд, ки бо номашон то абад ҳамчун қаҳрамон дар таърих боқӣ мемонад.

Яке аз он родмардони далер Олимназар Холиқназаров мебошад, ки дар роҳи хизмат ба Ватан ҷонашро қаҳрамонона фидо кард.

Оре, барои Ватане, ки имрӯз соҳибистиқлолу демократӣ буда, сокинонаш дар фазои тинҷиву осоиштагӣ зиндагӣ менамоянд ва барои ҳар фард мисли падару модар азизу муқаддас мебошад, бояд фарзандона ва аз сидқи дил хизмат намуд.

Воқеан, хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бонангро талаб мекунад. Маҳз дар роҳи хизмат ба Ватан ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт- дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки онро ёд мегиранд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади гиромидошти хотираи неки фарзанди далеру шуҷоъ шодравон Олимназар Холиқназаров бо ташаббус ва қарори Маҷлиси вакилони халқи Ҷамоати шаҳраки Шоҳтемуриёни шаҳри Хоруғ аз 27 декабри соли 2022 маҳаллаи Фурудгоҳи шаҳр ба номи ӯ гузошта шуд.

Ин иқдоми саривақтии намояндагони халқ баҳри қадрдонӣ ва арҷгузории заҳматҳои ҷавонмардонаву садоқати ватандӯстонаи ин фарзанди сарсупурдаи Тоҷикистон, ки дар роҳи ҳифзи хоки муқаддаси Ватан ва домани поки модару хоҳари тоҷик ҷонфидоӣ намуда, то нафаси охирин ба қасами ҳарбияш содиқ монд, амалӣ гардид. Ин ташаббус ҳамзамон ба хотири тарбияи насли наврасу ҷавон дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ, инчунин садоқату вафодорӣ ба Ватан — модар ва хоки муқаддаси Тоҷикистон равона гардидааст.

Бояд гуфт, ки давлату Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корнамоиҳои фарзандони сарсупурдаи миллатро ҳамеша қадр менамоянд ва барои ҷовидон гардонидани хотираи шахсони ҳангоми ҳифзи Ватан, ҳимояи сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ҳалокшуда тамоми чораҳоро амалӣ месозанд.

Далели ин гуфтаҳо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан» мебошад, ки он моҳи декабри соли 2023 қабул гардид.

Ҳадафи асосии ин қонун бо адои эҳтироми ҳарбӣ дафн кардани хизматчиёни ҳарбӣ, гузоштани санги қабр, сутуни ёдбуд, муҷассама дар оромгоҳҳо, ба маҳалҳо, кӯчаю майдонҳо, муассисаҳои таълимӣ ва қисмҳои ҳарбӣ гузоштани номи ҳалокшудагон, пешбурди корҳои ҷус­туҷӯӣ ва баргузор намудани ҳамоишу чорабиниҳои оммавӣ баҳри ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ва бардоштани руҳияи ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.

Мақсади дигари қонун тартиби расонидани ёрии ҳаматарафаи иҷтимоӣ ба оила ва фарзандони шахсони дар роҳи ҳимояи Ватан синасипаркарда ва ҷонфидою ҳалокшуда мебошад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 28, 2024 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧАРО БАСТАНИ ТАСМАИ БЕХАТАРӢ ШАРТ АСТ? Истифодаи он кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст
Дар Бохтар лоиҳаи «Шаҳри бехатар» амалӣ мегардад
Дар Душанбе мулоқоти роҳбарони вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид
4364 САДАМАҲОИ РОҲУ НАҚЛИЁТ ДАР 4 СОЛ. Чӣ тавр пеши роҳи ин ҳодисаҳои нохушро бигирем?
Тоҷикистон дар муборизаи муштарак ба муқобили ҷиноятҳои фаромиллӣ фаъолона иштирок мекунад
Дар Душанбе ҷаласаи роҳбарони мақомоти корҳои дохилии пойтахтҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Дар Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ доир шуд
Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони вилояти Суғд вохӯрӣ намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар масъалаи буҳрони Афғонистон шарики муҳими Созмони Милали Муттаҳид мебошад»
Президенти Тоҷикистон: «Дар фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай масъалаҳои амнияти минтақавӣ аввалиндараҷа боқӣ мемонанд»
ЭҲТИЁТ — НИМИ ҲАЁТ. Дар фасли тобистон зарфҳои нигаҳдории гази моеъро дар ҷойи соя ва дур аз гармӣ гузоред