Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо ба бунёди марказҳои логистикӣ дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ намуд

Май 4, 2024 14:55

ДУШАНБЕ, 04.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Форуми байналмилалии сармоягузории Тошканд, ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардид, вохӯрии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода бо Директори Корпоратсияи Байналмилалии Исломии Маблағгузории Савдо (ITFC) ва Корпоратсияи Исломии Рушди бахши хусусӣ (ICD) Ҳани Салем Сонбол баргузор гардид, ки зимни он ҷонибҳо масъалаи содагардонии расмиёти савдо ва сохтмони марказҳои логистикиро баррасӣ намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар мулоқот Ашурбой Солеҳзода оид ба иқтидори содиротии мамлакат сухан гуфта,  Директори ин ташкилотро даъват намуд, ки дар самтҳои рушди занҷираҳои арзиши иловашуда дар соҳаи кишоварзӣ, татбиқи энергияи барқароршаванда, рушди бахши хусусӣ ва тиҷорати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои афзалиятнокро татбиқ намоянд.

Роҳбари Корпоратсия Ҳани Салем Сонбол омодагиашро ба дастгирии лоиҳаҳо дар самтҳои гуфташуда, инчунин тақвияти ҳамкории минбаъда иброз намуд.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагиашонро барои тақвияти бештари ҳамкории мутақобилан судманд ва татбиқи масъалаҳои баёншуда изҳор намуданд.

 АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Май 4, 2024 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд