Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз раъду барқ, жола ва шамолҳои бошиддат ҳушдор медиҳад
ДУШАНБЕ, 02.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат аз ҳавои номусоиди рӯзҳои 4 ва 5 май, аз ҷумла раъду барқ, жола ва шамоли бошиддат дар ҷумҳурӣ хабар дода, ҳушдор медиҳад, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафар тариқи ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ ва сайру гашт худдорӣ намоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.
4-5 май дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои кӯҳии вилояти Хатлон, Ёвону Хуросон, инчунин дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бориш зиёд мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ва жола ба амал омада, суръати шамол то 15-20 метр дар як сония дар назар аст.
3 май дар якчанд ноҳияи кӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, аксар ноҳияҳои тобеи марказ, ноҳияҳои кӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Суғд, баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон (Ховалинг, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Балҷувон, Восеъ, Ёвон, Хуросон ва шаҳри Кӯлоб), инчунин дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел дар назар аст.
Дар ин рӯзҳо аз ҳисоби бориш дар дарёҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, баландшавии сатҳи об дар назар аст.
Ҳамчунин Кумита барои пешгирии оқибатҳои сел аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки тамоми заҳбуру ҷӯйборҳои назди манзили зисташонро тоза намоянд.
Инчунин барои ҷилавгирӣ аз садамаҳо дар роҳҳо, бахусус ҳангоми истифода аз роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо аз ронандагоне, ки мошинҳои сиёҳшиша доранд, даъват карда мешавад, ки ҳаракати шабонаро маҳдуд намоянд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид






