Масъалаи рушди соҳаи маорифи Тоҷикистон дар Риёз баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рушди соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар ин самт то имрӯз тадбирҳои назаррас амалӣ шуданд. Ин нуктаро Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ /мудири кишварии Бонки Исломии Рушд /БИР/ аз Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар мулоқот бо Директори иҷроияи Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф Лаура Фригенти, ки имрӯз дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ доир гардид, баён намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Таъкид шуд, ки барои маблағгузории лоиҳаи маорифи Бонки Исломии Рушд «Лоиҳаи муштараки дастгирии амалинамоии Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» марҳилаи II (аз маблағи умумии 86 миллион доллар) Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф 25 миллион доллар грант саҳм гузоштааст.
Аз хонум Лаура Фригенти дархост гардид, ки дар рушди соҳаи маориф, бахусус сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсил минбаъд низ саҳм гузорад. Дархост бо хушнудӣ пазируфта шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад






