МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Қулфинай сарчашмаи асосии витамини С мебошад

Май 26, 2024 14:03

ДУШАНБЕ, 26.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агар ҳар рӯз аз қулфинай истифода баред, системаи иммунитетро қавӣ гардонида, деворҳои рагҳои хунгардро мустаҳкам мегардонад. Қулфинай хосияти зидди газакгирӣ ва зиддимикробӣ дорад. Инчунин онро чун восита бар зидди микробҳо барои тоза намудани гулӯю бинӣ ва нест кардани бӯи бади даҳон истифода мебаранд. Он хурӯҷ ёфтани зукомро кам мекунад. Қулфинай хусусияти паст кардани қанд дар баданро низ дорад, чунин тавсия медиҳанд мутахассисони соҳаи тиб.

Қулфинай сарчашмаи асосии витамини С мебошад. Дар 100 грамм қулфинай витамини С аз миқдори меъёри хӯроки якрӯза зиёдтар аст. Ҳангоми ба бемории гурда ва роҳҳои пешоб гирифтор шудан дар тамоми фасли сол ҳар рӯз на камтар аз 400 грамм истеъмол кардани он тавсия дода мешавад. Дар ҳолати бемориҳои гуногуни гурда нӯшидани қулфинайи ҷӯшонида фоидаовар мебошад. Қулфинай воситаи беҳтарин барои муолиҷаи роҳҳои пешоб буда, барои ҷигар ҳам фоидаовар мебошад.

Ба гуфтаи мутахассисон, шахсоне, ки аллергия доранд, аз қулфинай бояд кам истифода баранд ё онро бо ягон маҳсулоти ширӣ дар якҷоягӣ истеъмол намоянд. Истеъмоли қулфинайро ба шахсоне, ки меъдаашон ба миқдори зиёд шира ҷудо мекунад ва ё ин ки касали кӯррӯда (апендитсит) доранд, тавсия намедиҳанд.

Таҳқиқоти дигар собит намудааст, ки ҳар рӯз қулфинай хӯрдан хотираи заифшударо аз нав барқарор месозад. Инчунин он хӯроки парҳезӣ ба ҳисоб рафта, ташнагиро мешиканад, иштиҳоро зиёд намуда, ҳалшавии хӯрокро беҳтар мегардонад.

Қулфинай меваи хушбӯй аст, он ширадору обдор буда, дар фасли тобистон яке аз меваҳои беҳтарин ба шумор меравад. Дар замони ҳозира бӯи хуши қулфинайро дар соҳаи ороиши рӯй васеъ истифода мебаранд.

Қулфинай бо думчаҳояш ба муддати дароз нигоҳ дошта мешавад. Онро дар яхдон нигоҳ доштан мумкин аст, вале дар ҳарорати хона хушбӯйтар мебошад. Қулфинай ва шарбатҳоеро, ки аз он тайёр менамоянд, дар зарфҳои пластикӣ то як сол дар яхдон нигоҳ доштан мумкин аст. Пеш аз истеъмол кардан қулфинайро дар оби равон шустан ё ин ки бо дастпоккунаки қоғазин тоза кардан лозим аст.

Меваҳои қулфинай болаззат буда, бӯи хуш доранд. Дар таркиби қулфинай витаминҳо, қанд, тектонҳо, ишқорҳои органикӣ, моддаҳои нитрогению минералӣ мавҷуд ҳастанд. Меваҳои онро дар намуди тару тоза истифода мебаранд. Аз онҳо мураббо, ҷемҳо, шарбат ва нӯшоба омода мекунанд.

Муқаррар карда шудааст, ки одам давоми як сол бояд 7,5 -8,5 кг аз меваи қулфинай истеъмол намояд. Барои қонеъ кардани ин талабот, ҷамъоварии яклухтаи онро зиёд бояд кард. Ҳоло дар хоҷагиҳои алоҳида масоҳати парвариши ин зироат зиёд гашта, таҷрибаҳои пешқадами коркарди технологии он ба роҳ монда шудааст.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 26, 2024 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии рейтингии байналмилалии «Standard & Poor’s» ба дастовардҳои иқтисодии Тоҷикистон баҳои сазовор дод
Ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи нафту газ тақвият меёбад
Гузариш ба гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ қадами муассир дар самти беҳтарнамоии фаъолияти сохторҳои давлатӣ аст
Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ менамоянд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар бахшҳои мошинсозӣ, дорусозӣ ва истихроҷи маъдан густариш медиҳанд
Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мегардад
Дар Суғд оид ба муаррифии имконоти сармоягузории минтақа форуми тиҷоратӣ баргузор шуд
Истеҳсоли неруи барқ дар Бадахшон қариб 5 баробар афзоиш ёфтааст
Тоҷикистон ва WIPO ҳамкориро дар соҳаи рушди инноватсия тақвият медиҳанд
Хайринисо Идрисова: «Дастрасӣ ба маблағи гранти президентӣ имкон дод, ки фаъолияти ҳунармандиямро васеъ намоям»
Панҷакент — яке аз аввалин шаҳрҳои Тоҷикистон, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз шаҳри аграрӣ ба саноативу аграрӣ табдил ёфт
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид