«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ДАВОМДИҲАНДАИ НАЗМИ ҲАЗОРСОЛАИ ХАЛҚИ ТОҶИК МЕБОШАД». Андешаҳои адибони бузург дар васфи шоир

Май 2, 2024 16:42

ДУШАНБЕ, 02.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мирзо Турсунзода доираи мавзуъ ва масъалаҳои адабиёти муосири тоҷикро вусъат дода, манзараҳои гуногуни ҳаёти мамлакатҳои хориҷиро бо афкори нав ва аз дидгоҳи тоза ба адабиёти мо ворид сохт ва ба ин васила мактаби нави адабӣ ба вуҷуд овард. Ҷавҳари хоси ин мактаб шинохти гузаштаи халқи худ, рушди забон, фарҳанг, адабиёти куҳанбунёд ва суннату анъанаҳои миллии мо мебошад. Сабақи дигари ин мактаби адабӣ иборат аз он аст, ки шеъру сиёсатро ба ҳам омезиш дода, адабиётро ҳамчун воситаи муассири муттаҳид кардани ҷомеа ва ташаккули афкори умум неруманд гардонид. Мавзуи сулҳу ваҳдат, накукориву созандагӣ ҳамчун шиори мардуми фарҳангпарвару тамаддунсози тоҷик ба осори адиби башардӯсти мо ҷилои тоза мебахшад. Ин матлабро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ «Чеҳраҳои мондагор» дарҷ намудаанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» бахшида ба зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода чанд андешаи адибони бузурги хориҷиро пешниҳод менамояд.

Николай Тихонов, шоири бузурги рус дар мавриди ашъори ӯ менависад: «…ашъори Мирзо Турсунзода ба сони мурғи афсонавӣ аз рӯи қуллаҳои баланду дарёҳои паҳновар гузашта, бо ҳаққоният, самимият ва пардози зебои шоирона ақлу дили ҳамзамононро тасхир кардааст».

Михаил Шолохов, нависандаи бузурги рус, дорандаи ҷоизаи Нобел дар мавриди устод Мирзо Турсунзода чунин нигоштааст: «Бигзор килки ту бо ранги нилуфар ҷовидонӣ нақшу нигор бандад!».

Файз Аҳмади Файз — шоири бузурги Покистон мегӯяд, ки «Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд».

Қайсин Қулиев, шоири бузурги балқар бар он андеша аст, ки «Мирзо Турсунзода бузургтарин шоир ва машҳуртарин тоҷик буд».

Анвар Олимҷонов, адиби бузурги қазоқ чунин менависад: «Мо бахтиёр ҳастем, ки Мирзооқо дар байнамон умр ба сар мебарад, ӯ ҳамзамони мост ва ман метавонам ӯро мураббӣ, муаллим ва қадрдонтарин дӯсти худ бихонам».

Мирзо Иброҳимов — адиби бузурги Озарбойҷон дар мавриди мушаххасоти шеъри М. Турсунзода чунин ибрози назар мекунад: «Ман дар тамоми умри худ мисли ӯ (М. Турсунзода) донанда ва эҳтиромкунандаи шеъри классикии Шарқ ва албатта, форсии тоҷикиро басе кам дидаам… Вай аз зебоии зиндагӣ моҳирона баҳра мебардошт, чӣ будани ғаму андӯҳро мефаҳмид ва ба бадбахтии дигарон шарик шуда метавонист».

Набӣ Хазрӣ, шоири Озарбойҷон дар мавриди мақоми Мирзо     Турсунзода дар таърихи адабиёти тоҷик чунин андеша дорад: «Абадият ҳамбастагаии муҳаббат ва ақл, накӯкорӣ ва вафодорист… Абадият дар ҳама замонҳо дар пеши назари оламу оламиён ҳайкали боҳашамате аст. Мирзо Турсунзода дар таъриху тақдири халқи худ амсоли ҳамин гуна ҳайкал қомат афрохтааст.

Расул Ғамзатов, шоири бузурги Доғистон, муаллифи китоби машҳури «Доғистони ман», дӯсти қарини М. Турсунзода менависад, ки «Мирзо муқаллид не, балки давомдиҳандаи назми ҳазорсолаи халқи худ мебошад. Ӯ ин кори душворро бо сарафрозӣ…адо мекунад».

Чингиз Айтматов, нависандаи машҳур мегӯяд, ки «Мирзо Турсунзода барои ман ҳамеша як намояндаи барҷастаи маданият ва адабиёти қадими тоҷик будааст ва ҳаст… Мирзо Турсунзода як шахсияти бемислу беназир аст» ва дар масъалаи тавири зан-модар дар ашъори Турсунзода ёдовар шуда, мегӯяд: «Вақти гап задан дар бораи яке аз мавзуъҳои дӯстдоштааш – дар бораи занон хеле боназокат буд. Дар ин мавзуъ бо назокати тамом ва бо фасоҳати шоирона гап мезад ва ба тарзи мароқангезе фикр меронд. Ба назарам, ин ҷиҳат сазовори тақдир мебошад. Бисёр занон вайро барои ҳамин парастишкорона ҳурмат мекарданд…».

Серо Хонзодян, адиби шаҳири арман менависад: «Ман дили Мирзо Турсунзодаро ба таппишҳои беқарори дили Шарқ нисбат медиҳам. Бале, маҳз ба Шарқи бузурги риёзаткаш ва офаридгори назми бузург. Дар ҳастии Мирзо таппиши дили вақтро мебинам».

 АКС аз манбаъҳои боз

 

Май 2, 2024 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

28 нафар зинаи магистратураи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намуданд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Озмоишгоҳи нави харитасозии радиатсионӣ ифтитоҳ гардид
Маърузаи олими тоҷик доир ба ҳифз ва рушди анъанаҳои миллии фарҳанг ва санъат дар ҷаҳон соҳиби ҷоизаи махсус гардид
Ҳайати мақомоти зиддикоррупсионии Узбекистон бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав системаи гармидиҳӣ насб мегардад
Ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе «Тоҷи Сомон» баргузор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистонро 332 донишҷӯ хатм намуд
Банаворгирии филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон бо номи «Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз ёфт
«ПЕШВО, ҲИЗБ, МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии таъсиси ҲХДТ андешаҳои шахсиятҳои шинохтаи дунё ба нашр расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишҷӯёни Консерваторияи миллӣ дар озмунҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро гирифтанд
Дар муассисаҳои илмию таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 8 озмоишгоҳи нав ба истифода дода шуд