МОҲВОРАИ ҶАВОНОН. Дар шаҳри Бохтар Фестивали бозиҳои миллӣ баргузор гардид

Май 17, 2024 18:57

ДУШАНБЕ, 17.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Точикистон ва дар доираи моҳвораи ҷавонон дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон Фестивали бозиҳои миллӣ баргузор гардид. Дар он варзишгарони ноҳияҳои Вахш, Кӯшониён ва шаҳри Бохтар фаъолона иштирок намуда, ҳунару маҳорати варзишиашонро манзури меҳмонон гардониданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аз дастовардҳои варзишгарони вилоят изҳори қаноатмандӣ намуда, тамоми варзишгаронро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуд.

Гуфта шуд, ки таваҷҷуҳи ҳукумати мамлакат ба варзишгарон бештар гардида, барои тамрину баргузории чорабиниҳои варзишӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст, то шарафи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло бардошта шавад.

Ҳадаф аз баргузории фестивал эҳё намудани бозиҳои миллии варзишӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани фарҳанг, тамаддун ва таърихи халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ, тарбия намудани наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносию худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллӣ мебошад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 17, 2024 18:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд