Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан бо ҷараёни кишти картошка шинос гардид
ИСТАРАВШАН, 08.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан бо ҷараёни кишти картошка шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти шаҳри Истаравшан иттилоъ доданд.
Гуфта шуд, ки имсол тибқи нақша дар 2500 гектар замини хоҷагиҳои кишоварзии ҳудуди шаҳр бояд картошка кишт шавад. То 6 май дар 1300 гектар картошка кишт карда шудааст.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни шиносоӣ бо корҳои кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ бо раисони ҷамоати деҳоту масъулини соҳа суҳбат намуда, гуфт, ки дар шароити кунунии амнияти озуқавории ҷаҳон моро зарур аст, ки заминҳои корамро самаранок истифода бурда, барои бо маҳсулоти кишоварзӣ ҳарчӣ бештар таъмин намудани аҳолӣ тадбирҳои зарурӣ андешем.
АКС: Маркази матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






