Нақши Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рақамигардонӣ ва тарғиби санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ. Эҳдо ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 19, 2024 09:17

ДУШАНБЕ, 19.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2012 бо кушода шудани “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохтори ҳамин муассиса бо мақсади фароҳам овардани фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардидааст.

Вазифаи асосии медиатека бунёди фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатии дар воситаҳои ахбори омма интишорёфта: анъанавӣ (нашрияҳои чопӣ), электронӣ, гӯё, маҷозӣ, таъмини амният ва истифодаи дарозмуддати фонди эҳтиётии ҳуҷҷатҳои дар ҳомили электронӣ (микрофилмҳо, микрофишаҳо, микрочиптаҳо, дискҳои оптикии гуногунҳаҷм, маъхазҳои компютерӣ, саҳифаи интернетӣ ва дигар навъҳои воситаҳои электронӣ) мавҷуда;

— гирдоварӣ, мураттабсозӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, коркарди илмӣ ва нигаҳдории маҷмуи пурраи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— гирдоварӣ ва феҳристнигории мақолаву асарҳо, суҳбату вохӯриҳо ва паёму суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— омода, таҳия ва нашри дастурҳои мавзуӣ ва соҳавӣ дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— иштирок барои баҳисобгирии библиографияи давлатии ҳуҷҷатҳои ватанӣ, созмон додани манбаъҳои библиографӣ, рефератӣ, иттилооти таҳлилию тафсирӣ;

— коркарди илмӣ ва дастёбӣ ба фондҳои китобхонаҳо тавассути низоми феҳристҳо (каталогҳо) дар навъҳои гуногуни воситаҳои муосири сабти иттилоот (маъхазҳои барномаҳои компютерӣ, микрочиптаҳо, дискҳои оптикӣ, саҳифаи интернет) мебошад.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки кормандони медиатека аз саҳифаҳои нашрияҳои даврӣ, ғайридаврӣ ва давомдор, аз сомонаҳои иҷтимоӣ маълумотро доир ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва узбекӣ ҷамъоварӣ менамоянд. Ҳамзамон ташкил ва таъсиси фонди аудио-видеоии медиатека, таҳияи наворҳои видеоӣ ва китобҳои гўёи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои калидии медиатека ба шумор меравад.

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.08.2022 Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо дохил гардидааст. Дар асоси ин қарор медиатека бо нашрияҳои вилоятҳо, ноҳияҳо ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳамкорӣ намуда, ба махзани медиатека ҳамчун гирандаи нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо аз тамоми нашрияҳои ҷумҳурӣ китоб, рӯзнома ва маҷалла ворид мегарданд.

Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китобҳои (Феҳристи адабиёти) “Ормони миллат: “Роғун” – бузургтарин сарбанди асри нав”, силсилаи китоби “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (2019-2021), (Феҳристи адабиёт) таҳия ва нашр намудааст. Инчунин силсилаи китобҳои “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Народная газета” (1992-1997), “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи “Садои мардум” (1992-1996), “Феҳристи маҷаллаи “Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (1993-2003)-ро бо ду забон- тоҷикӣ ва русӣ таҳия намудааст.

Инчунин нақшаи Лоиҳаи “Бунёди хазинаи маводи мусаббати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022- 2024” иқдоми дигари медиатека ба шумор рафта, дар ин мавзуъ якчанд китобномаи шарҳиҳолӣ (Феҳристи адабиёт), аз қабили дастури библиографии маводи мусаббат, доир ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Феҳристи адабиёт), “Корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Феҳристи адабиёт)”, “Аксу мусаввараҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Феҳристи адабиёт)”, “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эҳёгари ҳунарҳои мардумӣ (Феҳристи адабиёт)” ва 4 ҳадафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: “Таъмини истиқлолияти энергетикӣ”, “Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ”, “Таъмини амнияти озуқаворӣ” ва “Саноатикунони босуръати кишвар”-ро ба анҷом расонидааст.

Аз ҷониби иҷрокунандагони лоиҳа хостагирии мавод оид ба дастурҳои электронии библиографии иттилоотии «Савол ва ҷавоб», «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар», «Хазинаи чопӣ ва электронии маводи мусаббати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аксу мусаввараҳо», «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – эҳёгари ҳунарҳои мардумӣ» пурра омӯхта шудааст.

Дастури библиографии “Инъикоси фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзномаи «Народная газета” (1992-1996) («Образ деятельности Президента Республики Таджикистан в газете «Народная газета» (1992-1996) аз панҷ қисм иборат буда, дар он фаъолияти Сарвари давлат аз Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ то соли 1997 инъикос гардидааст. Ин дастур аз санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, суханрониҳо, барқияҳои шодбошӣ ва тасаллият, маҷлисҳо ва мулоқотҳо, сафарҳои Пешвои миллат ба дохил ва хориҷи мамлакат, суҳбатҳои телефонӣ, муносибатҳои хориҷӣ ва навид иборат аст.

Бояд иброз намуд, ки Дастури библиографии “Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” инъикоси фаъолияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар он фаъолияти даҳсолаи ин маҷалла- аз соли 1993 то соли 2003 инъикос гардидааст. Дастур бо ду забон таҳия гардида, қисмати аввалаш бо забони тоҷикӣ пешниҳод шуда, аз чор боб иборат аст. Ҳар боби он дар алоҳидагӣ ба санади меъёрию ҳуқуқӣ бахшида шудааст: боби аввал ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, боби дуюм ба фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, боби сеюм ба қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби чорум ба кодексҳо, Оиннома ва созишномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бояд иброз намуд, ки такмили феҳристи медиатека бо ворид шудани китобҳои тозавуруд мунтазам ба роҳ монда шудааст. Ба фонди умумии Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз 1266 нусха китоб, аз ин 1035 адад бо забони тоҷикӣ, 205 адад бо забони русӣ, 26 китоб бо забонҳои хориҷӣ ва дар хориҷа нашргардида нигоҳ дошта шудааст. Таҳкими ҳамкорӣ бо муассисаҳои дахлдор амалӣ гардида, дар оянда низ васеъ намудани ҳамкорӣ бо онҳо ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин дар оянда Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Анҷумани форсизабонон “Пайванд” ҳамкории зич намуда, баҳри фаъолияти пурсамар саҳми арзанда гузорад.

Абубакр МАНОНЗОДА,
сардори Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и
Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС аз бойгонӣ

Май 19, 2024 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар маҷаллаи бонуфузи «Diplomatic Insight Publishers» -и Покистон матлабе дар бораи дипломатияи ҷаҳонии оби Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барои баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд шароит муҳайё гардид
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо фаъолияти Маркази таҳқиқоти экологии шаҳри Акита шинос шуд
Дар Донишгоҳи Акита лоиҳаи муҳаққиқи тоҷик муаррифӣ гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ноиби президенти Донишгоҳи Акита мулоқот намуд
“Ҷашни Меҳргон” расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид
Соли 2025 дар вилояти Хатлон Соли фарҳанги китобхонӣ эълон гардид
Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баррасӣ гардид
Ҳамкории илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони барномаи SATREPS ва лоиҳаи JDS вобаста ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии илм ва технологияи Ҷопон ҳамкориро густариш медиҳанд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии Ҷопон ҳамкории илмиро тақвият мебахшанд