Намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва санъати тасвирию ороишии Тоҷикистон дар Озарбойҷон баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Маркази Ҳайдар Алиеви шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ ва санъати тасвирию ороишии Тоҷикистон доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар намоишгоҳ ҳунармандону санъаткорони чирадасти тоҷик намунаи корҳои эҷодиашонро манзури сокинону меҳмонони пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон гардониданд. Аз ҷумла, дар намоишгоҳ қариб сӣ асари рассомони маъруфи Тоҷикистон пешкаши тамошобинон гардонида шуд, ки дар сабку самт ва жанрҳои гуногун эҷод шуда, ҳар яке аз онҳо ба мавзуъҳои хос бахшида шудаанд. Асарҳои рассомӣ зебоиҳои диёр, симои зан-модар ва дигар дастовардҳои Тоҷикистонро ифода мекунанд. Инчунин дар расмҳо ҷашну анъанаҳои мардуми тоҷик инъикос ёфтаанд.
Инчунин гӯшаи дигари намоишгоҳро маҳсулоти ороишии аз санг омодашуда, ки дар коргоҳҳои коркарди санги Тоҷикистон истеҳсол мегарданд, зебу оро медод.
Дар намоишгоҳ коллексияи омоданамудаи тарроҳи шинохтаи тоҷик Хуршед Сатторов пешниҳод гардид, ки дар он либоси миллӣ, матоъҳои гуногун, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ, атласу адрасбофӣ ба маърази тамошо гузошта шуд.
Бояд гуфт, ки тарроҳи шинохтаи тоҷик Хуршед Сатторов дар чандин намоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори шоҳҷоизаҳо гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт- Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби ин созмони бонуфуз ба мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман ворид гардид. Ин нишони фарҳангу мероси пурғановат доштани миллати соҳибтамаддуни тоҷик мебошад.
Меҳмонон бо намунаи ҳунарҳо, санъати тасвирӣ ва ороишии мардуми мо шинос шуда, ба ҳунару истеъдоди тоҷикон баҳои баланд дода, иброз доштанд, ки тоҷикон дар ҳақиқат ҳамчун миллати таърихию куҳанбунёд дорои анъана ва ҳунару истеъдоди азалӣ буда, дар рушду такомули таърих ва фарҳанги ҷаҳонӣ нақши муассир доранд.
Бояд гуфт, ки дар сатҳи баланду шоиста баргузор шудани намоишгоҳи ҳунармандони тоҷик дар пойтахти Ҷумҳурии Озарбойҷон- шаҳри Боку бори дигар ин гуфтаро собит намуд, ки воқеан ҳам санъат сарҳад надорад ва василаи муттаҳидкунандаи ҳамаи халқу миллатҳо ба ҳисоб меравад. Инчунин сафари навбатии ҳунармандони тоҷик ба Ҷумҳурии Озарбойҷон қадами нав дар рушду тавсеа бахшидани робитаҳои ҳасанаи ду халқи дӯст мебошад.
АКС: Trend.Az























Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад






