ОГОҲӢ. Дар Тоҷикистон 24-25 май боронҳои пуршиддат, сел, жола ва раъду барқ дар назар аст

Май 23, 2024 15:51

ДУШАНБЕ, 23.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 24-25 май дар ҷумҳурӣ боронҳои пуршиддат, сел, раъду барқ ва жола пешбинӣ шудааст. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии садамаҳои марбут ба оқибатҳои эҳтимолии шароити обу ҳаво бори дигар ба идораҳои дахлдор ва аҳолӣ муроҷиат менамояд, ки барои пешгирии оқибатҳои сел каналҳо, селроҳаҳо ва ҷӯйборҳоро тоза кунанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин кумита хабар медиҳад.

Кумита ҳамзамон ба саҳми волидон мерасонад, ки фарзандони нобилиғашонро беназорат нагузоранд, онҳоро ба моҳидорӣ ва чорвочаронӣ, инчунин ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш равон накунанд.

Сокинон қабл аз борони бошиддат бояд каналу ҷӯйбор ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна санг ва хасу хошок тоза кунанд, то оби сел роҳи гузаштан дошта бошад ва ба ҳавливу қитъаҳои наздиҳавлигии аҳолӣ ворид нашавад.

Дар ҳолати рӯбарӯ шудан бо ин ё он ҳодисаи фавқулода сокинон метавонанд бо телефонҳои 112 ва ё 93 880 28 19, 88 400 01 01 занг зананд.

АКС аз бойгонӣ

Май 23, 2024 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд