Ҳошим Гадо бо эҷоди асарҳои баландмазмун дар саҳнаҳои театр ва кино ҳамчун ҳунарманди камназиру нотакрор муаррифӣ гардидааст

Май 10, 2024 10:48

ДУШАНБЕ, 10.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳошим Гадо давоми фаъолияти 55-солааш дар рушду нумуъи санъати тоҷик бо офаридани асарҳои баландмазмун дар саҳнаҳои театр ва кино саҳм гузошта, на танҳо маҳбуби мардуми тоҷик, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун ҳунарманди камназиру нотакрор муаррифӣ гардидааст. Чунин иброз дошт Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни ҳамоише, ки дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба фаъолияти эҷодии ин ҳунарманд баргузор шуд.

Имрӯз ба зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, дорандаи ордени Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори фахрии Донишгоҳи словянии Русия ва Тоҷикистон, профессор Ҳошим Гадо 87 сол пур шуд.

Ҳошим Гадо барои хизматҳояш дар рушди санъати театрии тоҷик, офаридани асарҳои барҷаста ва тарбияи кадрҳои соҳа бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони ифтихории «Арбоби ҳунари Тоҷикистон» қадршиносӣ гардидааст. Шаҳодатнома ва нишони сарисинагии ин унвони баландро ба ӯ 10 майи соли 2017 дар Қасри миллат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супорида буданд.

Ҳошим Гадо 10 майи соли 1937 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1960 Донишкадаи санъати театрии ба номи А.В. Луначарскии шаҳри Москва (ГИТИС)-ро хатм намуда, аз соли 1962 дар  Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ  ба ҳайси актёр ва коргардон фаъолият намудааст. Дар саҳнаи Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Хуҷанд ва Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковскии шаҳри Душанбе низ нақш бозидааст.

Аз соли 1963 дар кино низ ҳунарнамоӣ мекунад, дар филмҳои киностудияҳои «Тоҷикфилм», «Узбекфилм», «Озарбойҷонфилм», «Беларусфилм» низ нақш  офаридааст.

Соли 1973 барои офаридани образи Сӯҳроб дар филми «Рустам ва Сӯҳроб» аз рӯи асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ «Шоҳнома» ба гирифтани Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ шарафёб гардид. Соли 1979 ба унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сазовор гардидааст.


Соли 1987 барои офаридани нақши асосӣ дар спектакли «Эдип»-и Софокл дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ҳунарманди маъруфи тоҷик Ҳошим Гадо сазовори ҷоиза ва унвони ифтихорӣ гардид.

Маҳорату  заҳмати ҳунарманди мумтоз инчунин бо ҷоизаи «Анаҳито» (соли 1995) ва ордени «Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ қадрдонӣ шудаанд.

Ҳошим Гадо солҳои охир ба кори омӯзгорӣ низ машғул аст, соли 1996 дотсент ва баъдтар профессори Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода таъйин  гардидааст.

Ӯ  асарҳои Чехов ва Пушкинро ба саҳна монда, ҳунарманди умедбахш будани худро собит месозад. Дар «Интихоби домод», «Иҷоранишин» ва дигар  спектаклҳо  ҳунараш сайқал  ёфта, ӯро ба фатҳи қуллаҳои баланд раҳнамун месозанд. Офаридани нақши мураккаби Хлестаков дар намоиши «Муфаттиш»-и Гогол,  нақшҳои асосӣ дар «Ҳамлет»-и Шекспир, «Эдип»-и Софокл,  нақши Сино дар «Ҷавонии Сино», Фердинанд дар «Макр ва муҳаббат»-и Шиллер, Наср дар «Рӯдакӣ»-и Сотим Улуғзода, Афросиёб дар «Бежан ва Манижа»-и Фирдавсӣ, Иброҳимбек дар асари «Тӯфон»-и Ғанӣ Абдулло, Шоҳзода Мирзо Абдулатиф дар «Ситораи Улуғбек»  ва  дигар нақшҳои хотирмон   собит намуданд, ки Ҳошим Гадо ҳунарманди нотакрор аст.

Дар ҳақиқат Рӯдакӣ, Сӯҳроб, Сино, Фердинанд, Ҳамлет, Эдип ва  дигар  образҳои офаридаи  Ҳошим Гадо  ва нахустнамоиши спектакли «Эдип» дар театри навтаъсиси «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Москва ӯро машҳур гардониданд.

Ҳошим Гадо ҳунарманде аст, ки санъату ҳунари мардуми тоҷикро дар арсаи ҷаҳон ба таври барҷаста муаррифӣ намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки Тоҷикистон низ ҳунару ҳунармандони шоистаи таҳсину офарин дорад.

Мунаққид ва нависандаи машҳури рус Александр Маркин пас аз тамошои спектакли «Эдип» чунин гуфтааст: «На дар Русия, на дар Аврупо нақши Эдипро, тавре ки Ҳошим Гадоев бозид, касе набозидааст. Дар офаридани нақшҳои классикӣ дар дунё танҳо англисҳо метавонанд ба Ҳошим Гадо ҳампоя бошанд».

Ӯ дар баробари ҳунармандӣ инчунин ба нависандагӣ мароқи беандоза дорад. Мавсуф муаллифи зиёда аз 750 китобу мақолаҳои баландмазмун  ва  эссеҳои фалсафӣ мебошад. Китобҳои «Розҳо», «Ассо», «Танҳо», «Андешаҳо»,  «Кунҷ», «Сӯҳроби ман» аз ҳамин қабил мебошанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 10, 2024 10:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон оғоз мегарданд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Суратгузориш аз ҳамоиш дар шаҳри Ҳисор дар мавзуи «Либос ҳусни инсон аст»
Камол Насрулло: «Имрӯз миллати тоҷик бо эътиқоду эътимоди нав рӯ ба «Шоҳнома» овардааст»
Дар шаҳри Ашқобод муҷассамаи шоири тоҷик Сайидои Насафӣ гузошта шуд
Нақши Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рақамигардонӣ ва тарғиби санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ. Эҳдо ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Байни «Тоҷикфилм» ва «Сарез Сармоя» шартномаи ҳамкорӣ оид ба таҳияи филми мустанади «Сарез» имзо шуд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ доир шуд
«Тоҷикфилм» ва Синамогурӯҳи «Ғарб» Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд
18 МАЙ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОСОРХОНАҲО. Онҳо ба мардум фароғати фарҳангӣ бахшида, бо таърих ва фарҳанги қадимӣ шинос менамоянд
ОСОРХОНА — ОИНАИ ТАЪРИХИ ХАЛҚ. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Чин густариш меёбад
Дар Панҷакент Кӯшки суғдӣ кашф гардид