ПАГОҲ ДАР ТОҶИКИСТОН ЧАНГУ ҒУБОР БА АМАЛ МЕОЯД. Табибон ба шаҳрвандон чӣ маслиҳат медиҳанд?

Май 15, 2024 18:48

ДУШАНБЕ, 15.05.2024  /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 16 май бо сабаби омилҳои метеорологӣ (чангбоде, ки аз самти минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ ба мамлакат ворид мегардад) баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ (чанг), зарачаҳои андозаашон 10мкр (Рм-10) ва заррачаҳои андозаашон 2,5мкр (Рм-2,5) пешгӯӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Агентии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ҳавои номусоид ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанберо фаро мегирад.

Табиби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Таманно Файзуллозода тавсия медиҳад, ки шахсони гирифтори бемориҳои музмини роҳҳои нафаскашӣ ва намудҳои гуногуни аллергия дар берун аз биноҳои истиқоматӣ бояд камтар гарданд. Ҳамзамон дар чунин вазъи ҳаво ба шаҳрвандон тавсия дода мешавад, ки хонаи истиқоматӣ ва утоқҳои кориашонро тоза нигоҳ доранд.

«Бемороне, ки бемориҳои хусусияти мавсимӣ доранд, ба мисли диққи нафас, ринити аллергикӣ, полиноз, бемориҳои ишемиявии дил, фишорбаландӣ ва бемориҳои системаи масуният дар чунин ҳаво бояд эҳтиёт намоянд. Дар ин гуна вазъи ҳаво бештар шахсони гирифтори бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард, бемории ишемиявии дил, фишорбаландии шарёнӣ, бемориҳои тарбодӣ азият мекашанд. Инчунин ин гуна ҳаво ба шахсони гурӯҳи осебпазир ва дорои хатари саломатӣ, ба мисли беморони гирифтори бронхит, амфизема ё астма, бемориҳои роҳи нафас ва дил, инчунин кӯдакон, занони ҳомила ва пиронсолон зарар дорад», — иброз дошт ӯ.

Мавсуф иброз медорад, ки дар чунин ҳаво ҳар шахс бояд аз ниқоб ва респираторҳои муҳофизатӣ истифода намояд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Май 15, 2024 18:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Дар Душанбе вобаста ба иҷрои Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим ҷаласа баргузор гардид