Покистон ба ташаббусҳои Роҳбарияти олии Тоҷикистон дар самти таъмини об ва энергияи сабз дар ҷаҳон баҳои баланд медиҳад

Май 5, 2024 16:09

ДУШАНБЕ, 05.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. 3 май мулоқоти кордори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷон Шафиев бо вазири федералии энергетикаи Покистон Сардор Авайс Аҳмад Хон Лоғарӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи расмии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои таҳкими муносибатҳои гуногунҷанбаи ду давлат, аз ҷумла тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи обу энергетика ва баругзории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки Покистон ба ташаббусҳо ва талошҳои судманди Роҳбарияти олии Тоҷикистон дар самти таъмини об ва энергияи сабз дар ҷаҳон баҳои баланд медиҳад.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба муҳимияти баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (10-13 июни соли 2024, Душанбе) ва мавзуъҳои вобаста ба он табодули афкор анҷом дода шуд.

Дар рафти суҳбат инчунин муҳимияти тадбиқи лоиҳаи энергетикии CASA-1000 барои давлатҳои минтақа таъкид карда шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон

Май 5, 2024 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна