Президенти Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки соли 2023 дар Хатлон 900 гектар замини корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст
ДУШАНБЕ, 25.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои январ – апрели соли 2024 кишоварзони вилояти Хатлон ба маблағи 2 миллиарду 350 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 қариб 8 фоиз зиёд мебошад. Вале нишондиҳандаи мазкур бо назардошти ҳадафҳои гузошташудаи стратегӣ ва имконияти вилоят ҳанӯз қонеъкунанда нест. Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Хатлон, ки 25 май дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, баён намуданд.
Сарвари давлат изҳор доштанд, ки дар чор моҳи аввали имсол ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар шаҳру ноҳияҳои Норак 56 фоиз, Темурмалик 29, Данғара 11, Кӯшониён 9, Панҷ 6 фоиз ва маҳсулоти чорводорӣ дар ноҳияи Ёвон беш аз 7 фоиз коҳиш ёфтааст. Дар вилоят заминҳои партов ҳоло ҳам зиёд буда, майдони онҳо 16 ҳазор гектар, аз ҷумла замини обӣ зиёда аз 14 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Дар чунин шароит 18 пойгоҳи обкашӣ фаъолият надорад, ки сабаби бе об мондани беш аз 5 ҳазор гектар замин гардидааст.
Гуфта шуд, ки дар вилояти Суғд 16 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 22 пойгоҳи обкашӣ фаъолият накардааст, ки мутаносибан 3,8 ҳазор гектар ва 3,3 ҳазор гектар замин бо об таъмин нагардидааст.
«Соли 2023 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бинобар корҳои ғайриқаноатбахши хоҷагидорӣ қариб 900 гектар заминҳои корами обӣ аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд», — иброз доштанд бо нигаронӣ Сарвари давлат.
Пешвои миллат бо таъкид изҳор намуданд, ки «иҷрои супоришҳои қаблан додашуда доир ба ин масъалаҳо дар сатҳи зарурӣ таъмин нашуда истодааст. Ҳарчанд ки ба ҳолати 17 май дар вилоят дар майдони қариб 200 ҳазор гектар ё 97 фоизи дурнамо кишти баҳорӣ анҷом дода шудааст, вале иҷрои дурнамои кишти картошка ҳамагӣ 80 фоиз, полезӣ 93 фоиз ва зироати хӯроки чорво 87 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, кишти картошка дар шаҳру ноҳияҳои Муъминобод ҳамагӣ 16 фоиз, Шамсиддини Шоҳин 25, Ховалинг 38, Бохтар 49 ва Балҷувон 66 фоизи дурнаморо ташкил додааст. Чунин ҳолат дар аксари шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ба назар мерасад. Иҷрои дурнамои кишти картошка дар Роғун ҳамагӣ 5 фоиз, Варзоб 8, Файзобод 21, Рашт 30, Тоҷикобод 33, Лахш 58, Нуробод 45, Сангвор 55, Ҳисор 59 ва Рӯдакӣ 70 фоизро ташкил додааст.
Ҳамчунин дурнамои кишти пахта дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат ҳамагӣ 17 фоиз, Рӯдакӣ 57, Шаҳринав 60 ва Ҳисор 71 фоиз таъмин гардидааст, ки хеле ташвишовар мебошад».
Президенти Тоҷикистон таъкид намуданд, ки вилояти Хатлон нисбат ба дигар минтақаҳои мамлакат барои афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имконияти бештар дорад. Кишоварзони вилоят дар шароити ҳассоси ҷаҳони муосир бояд дар ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ беш аз ҳар вақти дигар ҳисса гузоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар