Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
ДУШАНБЕ, 20.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Раиси Маҷлиси Шурои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари суқути чархбол ва даргузашти фоҷеавии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, ҳамроҳони онҳо ва ҳайати сарнишинон боиси андӯҳи амиқи мо гардид.
Дар робита ба ин мусибати гарон, аз номи худ ва аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамдардии амиқ ва тасаллияти самимии ин ҷонибро ба Шумо ва тамоми мардуми бародари Эрон баён намуда, ба ҳамаи наздикону пайвандони шаҳидшудагон сабри ҷамил хоҳонам».








26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид
Ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ оғоз шуд
Мавсума Муинӣ бо раиси Комиссияи Сенати Шоҳигарии Камбоҷа оид ба ҳуқуқи инсон вохӯрӣ намуд
Мавсума Муинӣ бо роҳбари ҳайати Подшоҳии Баҳрайн Аҳмад Алсаллум вохӯрӣ намуд
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Кипр густариш меёбанд
Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Бангладеш баррасӣ гардид
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — МЕЪМОРИ ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид






