РОҲСОЗӢ-КОРИ ХАЙР. Сокинони ноҳияи Ашт бо маблағи барои ҳаҷ ҷамънамудаашон роҳҳоро мумфарш намуданд
СУҒД, 29.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Сокинони деҳаи Гулшани ноҳияи Ашт бо бардошт аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин (9 марти соли 2024) тасмим гирифтанд, ки маблағҳои барои ҳаҷ ҷамъовардаашонро дар ободонии маҳал сарф намоянд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Занони деҳаи Гулшан ташаббус нишон дода, дар кори хайр саҳм мегузоранд ва ин амали худро садақаи ҷория медонанд. То имрӯз 7 км роҳи асосии деҳа мумфарш гардида, ин иқдом дар дигар деҳаҳои ноҳия низ идома меёбад.
Аҳолӣ 30 км роҳи деҳаҳоро мумфарш карда, ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегирад.
Ҳамзамон сокинони ноҳия ҳидоятҳои Пешвои миллатро сармашқи кор қарор дода, ният доранд, ки дар назди муассисаҳои таълимӣ беш аз 80 синфхонаи иловагӣ бунёд созанд.
Раиси вилоят иқдому ташаббусҳои наҷиби сокинонро ба манфиати ҷомеа арзёбӣ карда, гуфт, ки ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд беш аз 12 ҳазор иншоот ба истифода дода мешавад.
Саҳмгузорӣ дар ободонии маҳал ва бунёди иншооти иҷтимоӣ кори хайру савоб номида шуда, таъкид гардид, ки ҳар гӯшаву канори Ватанамонро бояд ободу зебо намоем.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






