СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ конференсияи илмӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 02.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ва Ҳафтаи илми тоҷик таҳти унвони «Маърифати ҳуқуқӣ – омили тарбияи ҷавонон дар ҷомеаи муосир» конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ хабар медиҳад.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон заминаи шукуфоиву рушди ҳамаҷонибаро фароҳам овард. Дар ин давраи муҳими таърихӣ имкони қувват гирифтани неруҳои зеҳнӣ ба вуҷуд омад ва халқи тоҷик бо азму иродаи қавӣ ба масири хушбахтию саодат қадамҳои устувор ниҳод.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ илми тоҷик дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инкишоф ёфта, ба марҳилаи сифатан нави тараққиёт ворид гардид. Пешвои миллат аз рӯзҳои нахустини сарварӣ дастгирии илми ватанӣ ва олимони мамлакатро ҳадафи стратегӣ қарор дода, сиёсати давлатиро бар асоси таҳкими илм ва маорифи миллӣ устувор намуданд. Ин аст, ки сол то сол маблағгузорӣ ба соҳаи илм афзун ва сиёсати илм ба сифати меҳвар дар сиёсати давлатӣ эътироф мешавад.
Дар ҷараёни конференсия дар мавзуъҳои «Аҳамияти илмӣ – тарбиявии маърифати ҳуқуқӣ дар ҷомеаи муосир» ва «Истиқлолияти давлатӣ ва заминаҳои ҳуқуқии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърузаҳо шунида шуданд.
Зимни ҳамоиш профессорони донишгоҳ оид ба муҳимияти Соли маърифати ҳуқуқӣ, пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тарбиявию ватандӯстӣ оид ба ин масъала ибрози андеша намуданд.
Дар интиҳои конференсия дипломҳои намунаи давлатӣ ба устодони донишгоҳ тақдим карда шуданд.
АКС: Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев










Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид






