ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 11 май, шанбе, 132-юмин рӯзи соли 2024

Май 11, 2024 08:00

11 майи соли 1936 дар Тоҷикистон ноҳияи Ӯротеппа (ҳоло Истаравшан) таъсис дода шуд.

***

11 майи соли 2010 дар шаҳри Ню-Ҷерсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико варзишгарони ҷавони тоҷик дар Чемпионати 17-ум оид ба самбои ҷангӣ ва варзишӣ (тарзи озод) се медал ба даст оварданд.

***

11 майи соли 2010 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон расми  рӯнамоии аввалин китоби ба забони тоҷикӣ тарҷумашудаи нависандаи машҳур Шарлотта Бронте «Ҷейн Эйр» баргузор гардид.

***

11 майи соли 2011 Шабакаи телевизионии «Моя Планета»-и Русия ба намоиш гузоштани аввалин филми ҳуҷҷатӣ дар бораи Тоҷикистонро оғоз намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар Минтақаи миллии сайёҳии «Аваза» ҷаласаи 39-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия баргузор гардид.

***

11 майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе Фестивали дуюми автомобилии ҷумҳуриявии «Авто Ретро Душанбе» доир гардид.

*** 

11 майи соли 2013 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сафар намуда, бо кори якчанд хоҷагии намунавии боғу токпарварӣ шинос шуданд.

***

11 майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири вақти Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф аз раванди ҳамкории Тоҷикистон ва Покистон дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, амният, фарҳанг ва илму маориф, ки ояндаи онҳо самарабахш арзёбӣ гардид, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

***

11 майи соли 2017 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими рӯнамоии китоби «Халқи тоҷики ман»-и Роҳбари Ҷумҳурии Доғистон Рамазон Абдулатипов, ки чанд сол қабл вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистонро ба уҳда дошт, баргузор гардид.

***

11 майи соли 2022 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои анҷом додани сафари расмӣ ба пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод ташриф оварданд.

ДАР ИН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Дар Лаос — Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Ҳиндустон – Рӯзи миллии технология.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:

Холмуроди Сиддиқ -соли  1953,- ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2007).

Май 11, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш