ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 май, шанбе, 125-умин рӯзи соли 2024

Май 4, 2024 08:00

4 майи соли 2012 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир-Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Белгия Дидйе Рейндерс ва вазири мудофиаи ин кишвар Питер де Кримро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судбахши Тоҷикистон ва Белгия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

***

4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушорикати Созмони Милали Муттаҳид (СММ), Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Иттиҳоди Аврупо Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва ифротгароии хушунатомез» баргузор гардид.

***

4 майи соли  2020 Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои таъсиси беморхонаҳо барои беморони гирифтори коронавирус дар ҳудуди Душанбе шинос шуданд.

***

4 майи соли 2021 мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Америка оид ба мусолиҳа дар Афғонистон Залмай Халилзод, ки ба Тоҷикистон ташриф овард, баргузор гардид.

***

4 майи соли 2022 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

***

4 майи соли 2023  дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон маросими истиқболи расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Оқ-Орда» баргузор гардид.

***

4 майи соли 2023 ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай дар Гоаи Ҳиндустон иштирок намуд.

Май 4, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш