ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ-ОМИЛИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Душанбе ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 09.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон — омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ»- таҳти чунин унвон дар филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва дар шаҳри Душанбе ҳамоиш доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ҳамоиш намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш иброз намуданд, ки дар шароити муосир масъалаи ташаккули тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ва насли наврас аз афзалияти сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, барои рушду тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад. «Ватандӯстӣ — маънои дӯст доштани Ватан-Модар, зодгоҳ, марзу буми аҷдодӣ, содиқ будан ба халқу ватан, меҳанпараст будан, хизмат ба халқу Ватан, пос доштан ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ мебошад», -гуфта шуд дар ҳамоиш.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, «мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад. Яъне ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори фаъолияти ҳаррӯзаамон қарор диҳем».
Изҳор гардид, ки бо назардошти рӯз то рӯз мураккаб гардидани вазъият дар ҷаҳони муосир дар Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад.
Дар фарҷоми вохӯрӣ як зумра устодону донишҷӯён ва волидайни онҳо барои саҳми муносиб гузоштан дар тарбияи ватандӯстии ҷавонону наврасон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд






