Ташаббуси Президенти Тоҷикистон оид ба эълони Рӯзи байналмилалии морхӯр дар воситаҳои ахбори оммаи Швейтсария тарғиб гардид
ДУШАНБЕ, 07.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ташаббусҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаҳои обу иқлим, экология ва ҳифзи табиат, аз ҷумла оид ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии морхӯр дар воситаҳои ахбори оммаи Швейтсария бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева васеъ тарғиб мегардад.
Аз ҷумла, дар сомонаи интернетии маҷаллаи бонуфузи «Diva International»-и Женева зери сарлавҳаи «Рӯзи байналмилалии морхӯр аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон карда шуд» матлаб ба нашр расид.
Ёдовар мешавем, ки 2 май Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эълон намудани Рӯзи байналмилалии морхӯр тариқи қатъномаи дахлдор якдилона қабул намуд.
Қатънома аҳамияти бартараф намудани камшавии бесобиқаи чаҳонии гуногунии биологиро эътироф карда, ҳифз ва нигоҳ доштани макони зисти табиии морхӯрро хамчун зарурати экологӣ таъкид намудааст.


Дар он инчунин аҳамияти ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба ҳифзи морхӯр, эътирофи ташаббусҳои миллӣ ва минтақавие, ки аллакай татбиқ мешаванд, таъкид карда шудааст.
Бо қабул гардидани ин қатънома 24 май Рӯзи байналмилалии морхӯр эълон гардид.
Ҳамчунин дар ин санад аҳамияти Конфронси нуҳуми ҷаҳонӣ оид ба ҳайвоноти сумдори кӯҳӣ, ки аз 12 то 15 октябри соли 2024 дар Душанбе баргузор мегардад, таъкид шудааст.
Бояд гуфт, ки морхӯр (Capra falconeri-бузи пармашох) яке аз ҳайвонҳои нодири минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Шимолӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, Покистон, Ҳиндустон, Афғонистон, Туркманистон ва Узбекистон ба шумор меравад. Морхӯр нақши муҳимеро барои экосистема, биогуногунӣ, сайёҳӣ ва ғайра бозӣ карда, дарки ҳифзи он дар сатҳи ҷаҳонӣ бо назардошти дар рӯйхати сурхи Иттиҳодияи байналмилалии ҳифзи табиат қарор доштани ин ҳайвони нодир муҳим ба назар мерасад.
АКС аз манбаъҳои боз









Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо Директори иҷроияи ширкати Mooney Group мулоқот кард
Дар Қоҳира масъалаи таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Миср баррасӣ шуд
Имконияти ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ширкати NVIDIA дар соҳаи зеҳни сунъӣ баррасӣ гардид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Беларус дар соҳаи фарҳанг ва санъат густариш меёбад
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт мулоқот намуд
Дар Душанбе масъалаи рушди муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса баррасӣ шуд
«Сомон Эйр» барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз кишварҳои Ховари Миёна парвозҳои чартерӣ анҷом медиҳад
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд






