«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
ДУШАНБЕ, 03.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар муҷтамаи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» ифтитоҳ гардид, ки дар он молу маҳсулоти 65 ширкату корхонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба намоиш гузошта шудаанд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» аз ҷараёни баргузории намоишгоҳ.
Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, то 5 май идома менамояд. Дар он ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, аз ҷумла Русия, Беларус, Узбекистон, Чин, Покистон ва Туркия намунаи маҳсулоти мошинсозӣ, маводи кимиё, саноати сабук, нассоҷӣ, дорусозӣ, инчунин масолеҳи сохтмониро муаррифӣ доранд.
Тавре масъулин иброз намуданд, мақсад аз баргузории намоишгоҳ- муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ, ворид намудани технологияи нав, ҷалби сармоя ва таъсиси корхонаҳои муштарак мебошад.
Дар намоишгоҳ роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иброз намуданд, ки намоишгоҳ ба Солҳои рушди саноат (2022-2026) бахшида мешавад.



Соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати ҷумҳурӣ аҳамияти бузург дорад. Аз ин рӯ, намоишгоҳ бо мақсади суръат бахшидани ин раванд ба роҳ монда шуд.
Мақсади баргузории намоишгоҳ дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла саноати сабук, кишоварзӣ, фармасевтика ва ороиши гигиенӣ, хӯрокворӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли чароғаки роҳнамо ва ғайра ба харидорону меҳмонон пешкаш намудани молу маҳсулот мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки намоишгоҳи Тоҷикистон аз соли 2016 то инҷониб ба ширкатҳои ватанӣ барои намоиши дастовардҳои онҳо мусоидат ва ба ширкатҳои хориҷӣ барои дарёфти мавқеи онҳо дар бозори мамлакат кумак менамояд.
Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо созанд. Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.
София ШОИК,
Тоҳир САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»













Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






