Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико густариши ҳамкориро дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ баррасӣ намуданд

Май 3, 2024 14:07

ДУШАНБЕ, 03.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили мубрами муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба сатҳу мундариҷаи равобити гуногунҷанба дар руҳияи дӯстию шарокати дарозмуддат баҳои баланд доданд.

Бахусус мавзуъҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ ва амнияту суботи минтақавӣ, густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ, инчунин пешбурди тамосу музокироти созанда дар қолаби “С5+1” дар меҳвари таваҷҷуҳи мусоҳибон қарор доштанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 3, 2024 14:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо раиси шаҳри Брюссел мулоқот намуд
Ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманди Тоҷикистону Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Таалатбек Масадиқов мулоқот намуд
Дар Сеул мулоқоти масъулони Саммити «Осиёи Марказӣ– Ҷумҳурии Корея» баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна