Тоҷикистон ва Маҷористон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқовимат бо ҷинояткориро ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 01.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон Петер Сийярто мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҷонибҳо зимни мулоқот мавзуъҳои мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷонибаро баррасӣ намуданд.
Ҳамсуҳбатон нақши абзорҳои мавҷудаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷиро дар тавсеаю таҳкими ҳамкории гуногунҷабҳаи ду мамлакат муҳим арзёбӣ карданд.
Зимни мулоқот ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва мубориза бар зидди таҳдидҳои муосир таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ҳамкории ду мамлакат дар доираи Иттиҳоди Аврупо низ аз ҷумлаи мавзуъҳое ба шумор мерафт, ки зимни музокирот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷом вазирон Ёддошти тафоҳум байни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва муқовимат бо ҷинояткориро ба имзо расониданд, ки бешубҳа, талошҳои муштараки ду мамлакатро дар самтҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва дигар шаклҳои маблағгузории ҷиноятҳо таҳким мебахшад.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон









Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






