Варзишгари тоҷик дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук соҳиби медали тилло гардид

Май 13, 2024 17:53

ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари тоҷик Фаворис Музрапов дар Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук сазовори медали тилло гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук 11-12 май дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон доир гардида, дар он дастпарвари Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба варзиши сабук Фаворис Музрапов дар давидан ба масофаи 100 метр байни мардҳо соҳиби медали тилло ва дар масофаи 200 метр сазовори медали нуқра гардид.

Инчунин дар давидан ба масофаи 4× 100 метр МИКС байни мардҳо Илдар Аҳмадиев, Бобоҷон Бобоев, Лутфулло Нуруллоев, Фаворис Музрапов соҳиби медали нуқра шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 13, 2024 17:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд