«ВАТАН-ШУКУҲАТ ПОБАРҶО». Дар Тоҷикистон озмуни қироати шеър ва маҳорати суханварӣ бо забонҳои хориҷӣ баргузор мегардад

Май 4, 2024 08:31

ДУШАНБЕ, 04.05.2024. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи баргузории моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ватан-шукуҳат побарҷо» Озмуни ҷумҳуриявии қироати шеър ва маҳорати суханвариро бо забонҳои хориҷӣ эълон менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар медиҳад.

Озмун бо мақсади тақвият бахшидани забондонӣ, муаррифии шоистаи давлату миллат бо забонҳои хориҷӣ, васфи Ватан ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ифтихор аз фазои ободу ороми Ватан, баланд бардоштани мавқеъ ва мақоми Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, эҳтирому муҳаббат ба Ватан ва ба ин васила дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, ифтихори миллӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон бо забонҳои хориҷӣ баргузор мегардад.

Озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи ду номинатсия: беҳтарин қироаткунандаи шеър дар васфи Тоҷикистон бо забони хориҷӣ ва беҳтарин нотиқи суханвари тараннумкунандаи Тоҷикистон бо забонҳои хориҷӣ натиҷагирӣ карда мешавад.

Барои муайян кардани ғолибон овоздиҳӣ (шарҳ — комментария), бештар мақбул донистани корбарон (лайк) ва бознашр (поделится) дар гурӯҳҳои фейсбукӣ ба назар гирифта шуда, инчунин аз ҳисоби намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш комиссияи махсус ташкил карда мешавад. Инчунин барои тақаллуб нашудан дар гузоштани лайк аз ҷониби корбарони фейкӣ (ғайривоқеӣ) ва сар назадани норозигӣ байни иштирокчиён дар ҳайати комиссия аз ҳисоби мутахассисони IT намоянда ҷалб карда мешавад.

Озмун аз 3 то 27 май идома ёфта, дар он довталабони аз 17 то 35-сола иштирок карда метавонанд. Ғолибони озмун бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 4, 2024 08:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид