Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар Тифлис баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 04.05.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд /БОР/ дар мулоқоти муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бонки Осиёии Рушд Ҳоким Холиқзода бо Президенти Бонки Осиёии Рушд Масатсугу Асакава дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон дар ҳошияи ҷаласаи ҳарсолаи 57-уми Шурои мудирони ин бонк баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Мусоҳибон масоили марбут ба идомаи татбиқи ислоҳот ва дигаргунсозии иқтисодӣ, маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, тағйирёбии иқлим, рушди иқтисоди «сабз» ва ҷалби сармояи Бонки Осиёии Рушд дар бунёди иншооти муҳими стратегии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идорами амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид
ТУХМИПАРВАРӢ. Барои рушди ин соҳа чӣ бояд кард?
Дар шаҳри Ҳисор кишти пунбадона оғоз ёфт
Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд






