27-СОЛАГИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Ба ин муносибат дар Осорхонаи миллӣ гӯшаи доимоамалкунанда ташкил гардидааст

Июнь 23, 2024 16:16

ДУШАНБЕ, 23.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва  истеҳкоми пояҳои давлати тозаистиқлоли он  нақши басо бузург гузошт», — чунин омадааст дар мақолаи сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фирдавси Абдулҳамид, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ворид шудааст.

Матни пурраи мақола оварда мешавад.

— Ҳоло ҳам мо дар замони ниҳоят пуртазоди ҷаҳонишавӣ қарор дорем ва инсоният ба мушкилоту таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ шуда истодааст. Моро аз ҳарвақта дида имрӯз бештар аз пештар зарур аст, ки зираку ҳушёр бошем. Баҳри таъмини амнияти миллӣ ва пойдории давлати соҳибистиқлол муттаҳид бошем ва нагузорем, ки дар ҷомеа ғояҳои ифротиву ба фарҳанги мо бегона нуфуз пайдо карда, зиндагии орому осудаи сокинони Тоҷикистони азизро халалдор созанд. Балки, масъалаи таҳкиму тақвияти Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро дар ҷомеаи имрӯза ба таври васеъ, мунтазам таблиғу ташвиқ кардан амри зарурӣ ва вазифаи ҷонии ҳар яки мо мебошад.

Дар ин ҷода нақши осорхонаҳо хеле муҳим аст. Осорхона ойинаи таърих, баёнгари воқеаҳои тақдирсоз,  бавуҷудоварандаи ҳуввият, посдори урфу одат, пайвандгари дирӯзу имрӯзу фардо ва аз ҳама муҳимтар муҳофизи хотираи инсоният ва мактаби бузурги маърифат мебошад. Ҳар миллате, ки дар даврони ҷаҳонишавӣ мехоҳад боқӣ бимонад, бояд решаҳои таърихию фарҳангии гузаштагони хешро ҳамчун яке аз омилҳои муҳими пешрафти худ  қарор бидиҳад ва аз он сабақ бигирад.

Осорхонаи миллӣ ҳамчун осорхонаи марказӣ як сабақгоҳ ва ганҷинаи мероси таърихию фарҳангӣ аст.

Дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ дар радифи дигар мавзуъҳо гӯшаи доимоамалкунанда бахшида ба Ваҳдати миллӣ ороста шудааст. Дар он нигораҳо ва аксҳои гуногуни инъикоскунандаи давраҳои музокирот ва расидан ба ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ба намоиш бароварда шудаанд. Хусусан, аксҳои гуногун аз рафти музокирот дар мамлакатҳои Русия, Эрон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон баргузор гардида, пешниҳод шудаанд.

Нигораҳои арзишманд ва нодир дар гӯшаи Ваҳдати миллӣ хеле зиёданд. Аз ҷумла, қаламе, ки 11 декабри соли 1996 дар мавзеи Хостдеҳи шимоли Афғонистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо он қалам дар музокирот бо мухолифон ҳуҷҷатҳоро ба имзо расонданд, ҳоло дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад.


Дигар нигораи нодири Осорхонаи миллӣ ин Кӯзаи ваҳдат мебошад. Кӯзаи ваҳдат низ  таърихи бисёр ҷолиб дорад. Чуноне ки  медонем,  бо мақсади пойдор нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат ҳанӯз 18 июли соли 1997 Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ташкил шуд, ки Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси он интихоб гардид.

Дар воқеъ ин ҳаракат баҳри мустаҳкам намудани асосҳои ваҳдати миллӣ аз рӯзи таъсиси то ба ҳол хизматҳои босазое дорад.

Моҳи июли соли 1999 Корвони сулҳу ваҳдат дар Шоҳроҳи ваҳдат ташкил шуд. Ин корвон аз 240 нафар фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иборат буд. Корвон аз Қулма ва Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз гардида, то шаҳри Исфараи вилояти Суғд рафт ва ба мардум ғояҳои дӯстию хештаншиносиро талқин намуд. Ҳангоми сафар аҳли корвон аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон як каф хок ҷамъ намуданд ва аз он ҳунармандони шаҳри Исфара кӯзаи мунаққаше сохтанд.

Кӯза ба таври рамзӣ «Кӯзаи ваҳдат» номгузорӣ шуд. Он дар ҳузури иштирокдорони Анҷумани чоруми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардид.

Сарвари давлат бо самимият кӯзаи ваҳдатро қабул намуда, онро бӯсиданд. Ашки шодӣ беихтиёр дар чашмонашон ҳалқа зад ва изҳор намуданд, ки: «Ин кӯза аз хок нест, аз зар аст! Зеро ки тамоми хоки Тоҷикистон зар аст!» Хушбахтона ҳоло ин нигораи нодири таърихӣ низ дар гӯшаи ваҳдати миллӣ дар Осорхонаи миллӣ дар қатори дигар кӯзаю армуғонҳо бо рамзи Эҳёи ваҳдат ба намоиш гузошта шудааст.

Ҳамзамон дар экспозитсияи Осорхонаи миллӣ мусаввараҳои офаридаи рассомони машҳури мамлакат ҷамъоварӣ шудаанд, ки ба мавзӯи Ваҳдати миллӣ бахшида шудаанд. Асари офаридаи рассом Олимҷон Рабиев аз ҷумлаи асарҳои ҳифз ва муаррифишавандаи Осорхонаи миллӣ мебошад.

Асари мазкур соли 2016 офарида шуда, «Сулҳ — мақсади асосӣ» ном дорад. Дар ин асар тасвири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҳотаи селаи кабутарон, ки ҳамчун рамзи сулҳ дар олам пазируфта шудааст омадааст.

Мусаввараи дигари арзишманди Осорхонаи миллӣ ин офаридаи рассом Ғ. Ҷураев мебошад. Асар «Савганди ҷовидонӣ» ном дорад. Дар асар ҳамон лаҳзаи таърихии бо нишони эҳтирому арҷгузорӣ бӯсидани Парчами давлатӣ аз ҷониби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон офарида шудааст.

Мусаввара аз ҷониби иштирокчиёни чорабиниҳои ҷашнӣ ба муносибати 25 — солагии Иҷлосияи 16 — уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 ба Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим гардидааст ва Пешвои муаззами миллат мусаввараро ба Осорхонаи миллӣ эҳдо намуданд. Шумораи чунин мусаввараҳо дар фонд ва экспозитсияи Осорхонаи миллӣ зиёданд.

Ҳоло дар Осорхонаи миллӣ сайрҳои осорхонавӣ (экскурсияҳо) ба 8 забон: тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, арабӣ, ҳиндӣ, фаронсавӣ, хитоӣ ва олмонӣ баргузор карда мешаванд. Ин амал имкон медиҳад, то осори ба мерос гузоштаи миллати тоҷик ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ  ба таври шоиста муаррифӣ карда шаванд.

Воқеан, Осорхона дар қатори дигар муассисаҳои фарҳангӣ дар тарбияи мардум, хусусан ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ, созандагӣ, арҷ гузоштан ба фарҳанги ниёгон нақши муҳим дорад. Насли ҷовонро мебояд сарнавишти ибратомӯзи гузаштагони худ, фидокорию ҷонбозиҳои қаҳрамонони халқи тоҷик ва таърихи кӯҳану нави миллати худро хуб донад. Борои огоҳӣ доштан ва расидан ба чунин мақсадҳо, хеле хуб аст, ки  тариқи айёният, махсусан тавассути шиносоӣ, ташриф ва дидан аз осорхонаҳо, мавзеҳои таърихӣ дар ниҳоди ҳар як нафар ҳисси ифтихор аз таърих ва ҳифзи арзишҳои милиро ба миён оварем. Хусусан, дар ин самт осорхонаҳо як сабақгоҳ ва ганҷинаи мероси таърихию фарҳангӣ буда, метавонанд дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос ва таҳкими Ваҳдати миллӣ саҳми бориз дошта бошанд.

Фирдавси АБДУЛҲАМИД,
сардори шуъбаи таърихи нав ва навтарини Осорхонаи миллии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 23, 2024 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба назария ва амалияи санъат ва дизайн конференсия доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Волидон ва омӯзгорони ғолибони озмун бо нишони «Аълочии маориф ва илм» ва «Маърифатпарвар» сарфароз гардонида шуданд
Соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мегарданд
Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд
Имрӯз Рӯзҳои синамои Беларус оғоз меёбанд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус оғоз мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус доир мегарданд
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад