35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Мастчоҳ иншооти гуногун ба истифода дода мешаванд

Июнь 8, 2024 09:34

ДУШАНБЕ, 08.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Мастчоҳ коргоҳи забҳи паранда ва фермаи парандапарварӣ бунёд карда мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастгоҳ иттилоъ доданд.

Ин иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Шукрулло Мирзозода сохта мешаванд. Масоҳати умумии иншооти сохташаванда 2 гектар буда, соҳибкор дар он сохтмони 5 сардхона, ду фермаи парандапарварӣ ва коргоҳи истеҳсоли ҳасиб аз гӯшти мурғро низ ба нақша гирифтааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, таҷҳизоти забҳкунанда аз хориҷи мамлакат харидорӣ гардида,  дар он дар як соат зиёда аз 1200 сар мурғи гӯштӣ забҳ карда мешавад. Баробари ба фаъолият оғоз кардан дар коргоҳ 50 нафар занону мардон бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Бинои асосии коргоҳ аз ҷойи қабули паранда, забҳхона ва кандани парҳо, шустан ва хунук кардани гӯшти паранда, коргоҳи ба қисмҳо ҷудо кардани паранда ва банду баст, сардхонаҳои махсуси яхкунандаи гӯшт ва сардхона-анборхонаҳо бо нигоҳдории маҳсулот то 20 дараҷа хунукӣ иборат мебошад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни корҳои сохтмони забҳхона шинос шуда, ба масъулин барои бо сифати баланд ва мувофиқ ба талаботи имрӯза сохтани иншоот бо риояи ҳама талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ ва инфрасохтори муҳандисӣ дастуру супоришҳо дод.


Ҳамчунин дар шаҳраки Бӯстони ноҳия сохтмони бинои муолиҷавии  Беморхонаи марказии ноҳия идома дорад. Иншоот аз 4 ошёна ва таҳхона иборат мебошад.

Гуфта шуд, ки бунёду ба истифода додани беморхонаи наву муосир тадбири муҳим баҳри беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дар ноҳияи Мастчоҳ пойгоҳи обкашии «Янтоқ -1» фаъолият мекунад, ки бо мақсади беҳтар кардани вазъи обрасонӣ барои ин пойгоҳ агрегатҳои наву замонавӣ харидора шуданд.

Ин тадбир дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят амалӣ гардид.

Пойгоҳи обкашии «Янтоқ-1» аз соли 1960 инҷониб фаъолият дошта, дорои 11 дастгоҳи пуриқтидори обкашӣ мебошад. Ҳамасола барои таъмиру омодасозии дастгоҳҳои обкашии пойгоҳ ба мавсими киштукор маблағҳои зарурӣ ҷудо мегарданд. Тавассути ин пойгоҳ беш аз 10 ҳазор гектар заминҳои Ҷамоати шаҳраки Бӯстон ва деҳоти Навбаҳор обёрӣ карда мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 17 пойгоҳи обкашӣ мавҷуд буда, тавассути онҳо зиёда аз 20 000 гектар замин обёрӣ мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ

Июнь 8, 2024 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд