35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соҳибкор бо фарзандонаш дар таъмиру мумфаршсозии якчанд кӯча дар шаҳри Ҳисор саҳм мегузорад

Июнь 24, 2024 13:34

 ДУШАНБЕ, 24.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ соҳибкор Нурулло Ҳусейнов бо фарзандонаш тасмим гирифтаанд, ки роҳҳои мошингарди  кӯчаҳои шаҳри Ҳисор, аз ҷумла кӯчаи Навоӣ, Ҳофизи Шерозӣ ва Зебунисоро мумфарш карда, инчунин роҳи кӯчаи Синоро таъмири ҷорӣ намоянд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ доданд, иҷрокунандаи раиси шаҳр Ҷаббор Носирзода ба соҳибкор ва фарзандонаш барои анҷоми иқдоми созандаву ватандӯстона дар самти таъмиру таҷдиди роҳҳои кӯчаҳои номбурда изҳори сипос намуда, барои таъмири босифати роҳ ба соҳибкору роҳсозон тавсияҳои муфид дод.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон дар маркази шаҳри Ҳисор ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, бунёду барқарорсозии 1675 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин 38 корхонаи истеҳсолию саноатӣ, 40 иншооти соҳаи кишоварзӣ, 60 иншооти соҳаи маориф, 44 иншооти соҳаи тандурустӣ, 11 иншооти соҳаи фарҳанг, 54 иншооти соҳаи варзиш, 11 иншооти соҳаи сайёҳӣ ва дигар иншоот мебошанд.

      АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисо

Июнь 24, 2024 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд