35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соҳили дарёи Сир дар Хуҷанд ба макони муосири истироҳатию варзишӣ тадбил дода мешавад

Июнь 26, 2024 14:08

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳили дарёи Сир ба макони истироҳатӣ тадбил дода мешавад. Лоиҳаи навсозии шиногоҳ ва роҳраву истироҳатгоҳи шафати он таҳия гардида, муаррифӣ шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ҳудуди шиногоҳ пурра навсозӣ гардида, ин мавзеъ ба минтақаи истироҳатии замонавӣ табдил дода мешавад.

Дар асоси лоиҳа, аз пули кӯҳнаи шаҳр то пули «Ҷашнӣ» ба дарозии 2 км ва паҳноии 8 метр роҳрав бунёд шуда, дар шиногоҳ ва роҳрав таҷҳизоти муосири варзишӣ барои обутоби бадан ва нишастгоҳҳо гузошта мешаванд.

Дар маҷмуъ, ин мавзеъ ба макони истироҳативу варзишӣ табдил ёфта, айни замон корҳои бартарафсозии иншооти ғайриқонунӣ ҷойгиршуда идома дорад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо тарҳи ин лоиҳа шинос гардида, ба масъулин барои татбиқи лоиҳа ва бо сифати баланд иҷро намудани корҳо супоришҳои мушаххас дод.

Таъкид гардид, ки соҳили дарё ҳамеша макони дӯстдоштаи сокинон ба ҳисоб меравад ва бо назардошти ин бояд минтақаи истироҳатӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад.

АКС: Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд

Июнь 26, 2024 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд