Қабули пешниҳодҳои Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эҳтиром ба миллати тоҷик ва Сарвари давлати мо аст

Июнь 8, 2024 11:25

ДУШАНБЕ, 08.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо Тоҷикистон дар остонаи баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки аз 10 то 13 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, қарор дорад. Ташкили чунин ҳамоишҳои сатҳи баланд моҳияти сиёсати пешгирифтаи Президенти Тоҷикистонро дубора ба сифати сиёсати сулҳҷӯёнаю башардӯстона, симои Тоҷикистонро ба сифати мамлакати биҳиштосо, босубот ва саршор аз ғановати обию сайёҳӣ ва мардуми онро меҳмондору меҳмонпазир муаррифӣ менамояд. Аз ҷониби дигар, моҳияти чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию илмӣ ба афзудани робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид оид ба мушкилоти вобаста ба об суханронӣ намуда, ҷомеа ҷаҳониро ба ҳамкории зич даъват намудаанд.

Маҳз бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон пешниҳоди чоруми ҷониби Тоҷикистон дар масоили дастрасӣ ба об таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид. Ҷонибдорӣ гардидани ин ташаббус, аз як тараф ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои рушди устувор бошад, аз ҷониби дигар эҳтиром ба миллати тоҷик ва Сарвари давлати он мебошад.

Барои иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 меҳмонони зиёди хориҷӣ ба пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе омада, бо табиат, зебоиҳои пойтахти давлати тоҷикон, расму оин, ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги мардуми Тоҷикистон шинос шуда, таассуроташонро аз фарҳангу маданият ва меҳмоннавозии тоҷикон тавассути воситаҳои имконпазири иттилоотӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ баён менамоянд.

Ҳамзамон ташрифи шумораи калони намояндагони воситаҳои ахбори омма аз хориҷи мамлакат шукуҳи конфронсро бештар менамояд. Бозтоби кори конфронс ва манзараҳои зебои мамлакати мо дар расонаҳои маъруфтарини дунё, бешубҳа, дар афкори умумии байналмилалӣ тасаввуроти ҷолиберо аз Тоҷикистон эҷод мекунад. Чунин бозтоби васеъ барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба мамлакати мо сабаб шуда, яке аз омилҳои рушди ҳамкории дуҷонибаю бисёрҷониба мегардад.

Об сарчашмаи ҳаёт, наҷотбахши табиат ва асоси саломатии инсон арзёбӣ мегардад. Тоҷикистон дорои неъматҳои бойи табиӣ буда, саросари кӯҳистони он пур аз чашмаву обҳои мусаффо мебошад, ки аксарияти онҳо хусусияти табобатӣ доранд.

Қуллаҳои баланд, манзараҳои кӯҳистоне, ки дар он чаҳор фасли солро мушоҳида кардан мумкин аст, обҳои шифобахшу шаффоф, иншооти санаторию курортӣ, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд ҳастанд. Аз нуқтаи назари иқтисодӣ бо пешниҳод кардани чунин маҷмуи хизматрасонӣ мо метавонем ба сайёҳони байналмилалӣ маҳсулоте пешниҳод намоем, ки дар он рақобат вуҷуд надорад.

Табиати Тоҷикистон бо сабаби гуногунрангӣ ва мавҷудияти кӯҳҳову доманакӯҳҳо аз якчанд ҷиҳат хос буда, дар он барои рӯйидани гиёҳҳои шифобахш шароити мусоид фароҳам аст. Захираи зиёди обҳои шифобахш, ки аз замини доманакӯҳҳо ба таври табиӣ ё сунъӣ фаввора зада мебароянд, аз ҳисоби сермаъдан будани қабатҳои замини мамлакат қобилияти шифобахшӣ дошта, бархеи он нодиртарин  дар дунё ба  шумор мераванд.

Машҳуртарин чашмаҳои шифобахши Тоҷикистон чашмаҳои Хоҷа Оби Гарм, Явроз, Оби Гарм, Шоҳамбарӣ, Гармчашма, Ҳавотоғ, Зумрад, чашмаи Бибӣ — Фотимаи Заҳро, Авҷ, Ямчун ва Зонг мебошанд, ки барои барқароркунии саломатии инсон манфиати зиёд доранд.

Бояд гуфт, ки марказҳои солимгардонию табобатии мамлакати  мо соҳиби хусусияти фавқулодаи табобатбахшӣ мебошанд. Онҳо инчунин дорои сохтори такмилёфтаву рушдкардае ҳастанд, ки аз ҳамтоёни хориҷии худ ягон камӣ надоранд.

Маҳз бо талошҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон захира ва имконияти обиву туристии мамлакат ба таври шоиста дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ ва масъалагузорӣ мешаванд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд: «Тоҷикистони мо дорои неъматҳои бебаҳои табиӣ обҳои табобативу гиёҳҳои шифобахш буда, муҳит ва табиати кишварамон барои рушди соҳаи дорусозӣ ва бунёди истироҳатгоҳҳо дар мавзеи обҳои шифобахш бисёр мувофиқ мебошад».

Имрӯзҳо маҳз бо талошҳои Пешвои миллат ба ҳамаи минтақаҳои дорои захираҳои табобатию солимгардонӣ, аз ҷумла обҳои минераливу шифобахш, пиряхҳо ва дарёву кӯлҳои мусаффо хатсайрҳо барои туристони дохилию хориҷӣ ташкил карда шуда, имконияти ин минтақаҳо ба таври васеъ ва самаранок истифода мешаванд.

Ташаккул ва муаррифии бренди миллии мавзеъҳои обию солимгардонӣ бо истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ яке аз ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат маҳсуб мешавад.

Маҳз ҳамин захираи бойи обҳои ошомиданӣ ва барои саломатӣ муфиди мамлакат имкон фароҳам меорад, то туризми обию экологӣ рушд карда, Тоҷикистон ҳамчун давлати туристӣ вориди бозори ҷаҳонӣ гардад ва аз ҳисоби даромади соҳа сатҳи иқтисодиёти мамлакат  боло равад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки маҳз бо талошҳои хастагинопазири Президенти Тоҷикистон дар ҳошияи чунин чорабиниҳои сатҳи баланд ҷаҳониён меҳмоннавозии беназири тоҷикона, фарҳанги ғанӣ, сиришти маънавии миллат, ёдгориҳои арзишманди таърихӣ, табиати афсункори кишвар, обҳои мусаффову шифобахш, кӯҳҳои чун ғурури миллат баланди Ватан ва садҳо ғановати фарҳангӣ, табиӣ ва экологиро мешиносанд.

Аз сӯи дигар, бо баргузории чунин чорабинии сатҳи баланд мавқеи давлати мо дар арсаи байналмилалӣ устувор, тавассути муколамаи судманд масоили глобалӣ матраҳ ва ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ мустақиман равона мегарданд.

Абдукарим ҚУРБОНЗОД,
Сармутахассиси Раёсати молия,
та
ҳлил ва дурнамои
Вазорати ме
ҳнат, муҳоҷират ва шуғли
а
ҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июнь 8, 2024 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди зеҳни сунъӣ дар мамлакат назаррас аст
Дар Душанбе вобаста ба қабули қатъномаи СММ оид ба зеҳни сунъӣ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, пиряхҳо ва иқлим ба нашр расид
Дар Душанбе ҳамоиши ҳизбиён бахшида ба қабули қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ баргузор шуд
Қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид
Натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид муаррифӣ гардид
Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 аз сомонаи АМИТ «Ховар» беш аз 4 миллион маротиба дидан кардаанд
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ