Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи мансабдорони сатҳи баланди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 28.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи мансабдорони сатҳи баланди Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) дар Остона иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Инчунин дар Остона ҷаласаи Кумитаи сегона (Тоҷикистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон) баргузор гардид, ки дар он муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода иштирок намуданд.
27 июн барои сохтмони қароргоҳи нави Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар Остона санги асос гузошта шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






