Ҳайати Тоҷикистон дар «Бозори байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид» иштирок намуд

Июнь 5, 2024 17:23

ДУШАНБЕ, 05.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 4 июн ҳайатҳои дипломатии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк чорабинии хайриявии «Бозори байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид» доир намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намоядагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ кишварҳои аъзо ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллиашонро ба фурӯш гузошта, маблағи бадастомадаро ба Фонди хайриявии Созмони Милали Муттаҳид тақдим намуданд.

Ҳайати Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид низ дар «Бозори байналмилалии Созмони Милали Муттаҳид» иштирок  намуда, ба ҳозирин маҳсули  ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои  миллиро пешкаш карданд.

АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид

Июнь 5, 2024 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо нависандаи кувайтӣ Нодир Ал-Вусайр вохӯрӣ намуд
Дар Баҳрайн бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Миср бо муовини раиси Иттифоқи журналистони африқоӣ-осиёӣ мулоқот кард
Дар Манама ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Баҳрайн баррасӣ гардиданд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумораи махсуси маҷаллаи «ECO Heritage» ба нашр расид
«Gulf News» мақолаи Сафири Тоҷикистонро оид ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар рушди мероси тиббии Абуалӣ ибни Сино нашр намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд