Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии байналмилалии Санкт-Петербурги Русия иштирок намуд

Июнь 10, 2024 08:36

ДУШАНБЕ, 10.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 то 8 июни соли 2024 Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург доир гардид, ки дар он  аз Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва ҳайати ҳамрохонаш иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои пленарӣ ва панелии Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург фаъолона иштирок намуд, ки дар ҳошияи он мулоқоту суҳбатҳои судманд доир намуданд.

Дар доираи форум муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини якуми Сарвазири Федератсияи Русия Денис Мантуров, Вазири рушди иқтисоди Федератсияи Русия Максим Решетников, Вазири сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ Ирек Файзулин ва Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов вохӯриҳо анҷом дод.

Зимни вохӯриҳо оид ба ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба табодули афкор доир шуда, таваҷҷуҳи хосса ба амалӣ намудани бандҳои протоколи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ равона гардид.

Инчунин барои густариши соҳаи бонкӣ вохӯриҳои муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарияти «Алфа-Банк», «Банк ВТБ» ва «СберБанк» баргузор шуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 10, 2024 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Хуршед Каримзода дар ҳамоиши байналмилалии «Такмили экосистемаи ҷаҳонии савдо» дар Корея иштирок намуд