Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23-24 июн дар шаҳри Теҳрон нишасти 19-уми Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) баргузор шуд, ки дар он ҳайати Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар суханроии муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода ва Баёнияи Теҳрон, ки аз натиҷаи нишаст қабул гардид, аҳамияти ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба об, хоссатан Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм дарҷ гардида, зарурати тақвияти талошҳо барои татбиқи ҳадафҳои ин ташаббусҳо аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъкид шуд.
Дар фарҷоми нишаст намояндаи Давлати Кувайт Дабири кулл ва намояндаи Ҷумҳурии Исломии Эрон муовини Дабири кулли Муколамаи ҳамкории Осиё барои се соли оянда интихоб гардиданд.
АКС: Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд






