Ҷаласаи дуюми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи дуюми Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид, ки зимни он рушди минбаъдаи ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ дар сатҳи парламентҳои ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар кори ҷаласа аъзои Комиссияи доимӣ оид баҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҳарду ҷониб, кормандони дастгоҳҳои палатаҳои болоӣ, инчунин намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ду мамлакат ба тариқи маҷозӣ иштирок доштанд.
Дар оғози ҷаласа ҳамраисони Комиссияи доимӣ муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Жакип Асанов сухан намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа, масъалаҳои дурнамои рушди ҳамкории байнипарламентии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, инчунин муборизаи муштарак бо тағирёбии иқлим ва истифодаи оқилонаи захираҳои об дар сатҳи парламентҳои ду мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки ҷаласаи навбатии Комиссияи доимӣ оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба рушди муносибатҳои ду мамлакат дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ тақвият мебахшад.
Вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласаи дуюми Комиссия баррасишуда, қорорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
АКС: Маҷлиси миллии Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи навбатӣ ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҳайати парлумони Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Давлатҳои ИДМ низоми назорати сифати хизматрасониҳои тиббӣ ва хайрияи хунро такмил медиҳанд
Пагоҳ иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар Душанбе стратегияи муосири пешгирии бемориҳои ғайрисироятиро баррасӣ намуданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Дар ҷаласаи кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология қонунҳои соҳавӣ баррасӣ гардиданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум доир мегардад
Оид ба таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ ва густариши ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Муғулистон вохӯрӣ доир шуд






