Ҷаласаи Шуро оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илм доир гардид

Июнь 21, 2024 16:40

ДУШАНБЕ, 21.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шуро оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ҳолати пайвастшавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шабакаи интернет мавриди баррасӣ қарор гирифт, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода изҳор дошт, ки тарбияи мутахассисони соҳибмаълумот, баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ ва густариши тафаккури техникии ҷомеа, аз ҷумлаи масъалаҳои мубраме мебошанд, ки рушди имрӯзу фардои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз ҳалли онҳо вобаста мебошад.

Ба иттилои Вазири маориф ва илм, бо мақсади ноил шудан ба сифати нави таълим тавассути ҷорӣ намудани технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилотӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022 «Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» тасдиқ ва амалӣ шуда истодааст.

Ҳамзамон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 марти соли 2024 «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» тасдиқ шуда, дар доираи амалишавии он ташкил ва баргузоррии чорабиниҳои зерин, аз ҷумла таҳкими заминаҳои моддӣ-техникӣ, таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо техникаи компютерӣ, ташкили шабакаҳои иттилоотӣ ва пайвастшавии онҳо ба шабакаи Интернет ва таъмини амнияти иттилоотӣ ба нақша гирифта шудааст.

Таъкид гардид, ки идоракунии иттилоот яке аз самтҳои асосӣ ва қисми муҳимтарини рақамикунонӣ дар соҳаи маорифи мамлакат ба ҳисоб меравад. Айни замон бо мақсади ҳифзи иттилоот ва амнияти иттилоотӣ дар соҳаи маориф барномаи «Системаи иттилоотии соҳаи маориф ва илм» амал менамояд.

Дар ҷаласа нақшаи Шуро оид ба технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, дар ҷараёни он масъалаи ҳолати пайвастшавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон ба Шабакаи интернет мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Инчунин дар кори ҷаласа «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» ва шакли навшуда ва муосири Низоми иттилооти идоракунии маориф ва илм муаррифӣ гардид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 21, 2024 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ба 24,7 фоиз баробар шуд
Устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Форуми сатҳи баланд оид ба иқтисоди рақамӣ иштирок намуданд
35 хатмкунанда аз шаҳри Душанбе соҳиби аттестатҳои аълои универсалӣ бо медалҳои тилло гардиданд
Аз 1 август барои хонандагони синфи якум давраи шиносоӣ гузаронида мешавад
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Панҷакент 81 иншооти соҳаи маориф сохта шудааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Гузариш ба ин низом чӣ бартарӣ дорад ва он дар кадом давлатҳои ҷаҳон татбиқ мегардад?
Масъалаи гузариш ба низоми таҳсили 12-сола муҳокима гардид
Дар Душанбе беш аз 100 довталаб барои ба даст овардани Аттестати аълои универсалӣ донишозмоӣ дорад
Хонандаи тоҷик дар Озмуни байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасон сазовори Шоҳҷоиза гардид
Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд
Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти асосии довталабонро 25 июл эълон мекунад
13 июл даври дуюми имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо баргузор мешавад