Ҳамгироии илм бо истеҳсолот тақозои замон аст

Июнь 2, 2024 15:10

ДУШАНБЕ, 02.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Ҳамгироии илм бо истеҳсолот-тақозои замон»- таҳти чунин унвон 31 май дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат ҳамоиши илмӣ-назариявии ҳайати олимону омӯзгорон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Дар ҳамоиш ректори донишгоҳ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Дилшод Раҳмон таассурот ва бардошти худро аз вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат баён дошта, иброз намуд, ки «дар ин мулоқот натиҷаҳои мулоқоти қаблии Пешвои миллат бо аҳли зиё, ҳолати кунунии рушди илм ва дурнамои он, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омӯзиши илмҳои табиӣ ва риёзӣ, ташаккули тафаккури техникӣ, дастгирии ташаббусҳо дар самти ихтироъкорӣ, инчунин сифат ва самаранокии тарбияи кадрҳои илмӣ дар мамлакат мавриди баррасӣ қарор дода шуд».

Иброз гардид, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ натиҷаҳои кори олимонро дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлили амиқ намуда, барои дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ сохтани илми ватанӣ ва хизмат кардани он дар роҳи рушду пешрафти давлат дар назди ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузоштанд.


Ҳамчунин дар вохӯрӣ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба беҳдошти сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои олӣ ва миёна, ба замони муосир мутобиқ сохтани соҳаи таълим ва дигар омилҳои пешбарандаи ҷомеа ба масъулин ва сохторҳои марбута дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуданд, ки ба масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати китобҳои дарсӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад.

Иштирокдорон зимни маърузаҳояшон аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф ёдовар шуда, иброз намуданд, ки Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, бо мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятро муҳайё намудааст.

Аз ин рӯ, олимону донишмандон ва аҳли зиёи мамлакат, хосатан омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлобро мебояд, ки ҷавобан ба дастгириву ғамхориҳои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои рисолати худ дар назди миллату давлат бо садоқати баланди ватандӯстӣ фаъолият намуда, дар ҳифзи дастовардҳои истиқлол, муқаддасоти миллӣ, таҳкими хотираи таърихиву фарҳангии миллати тоҷик ва муаррифии шоистаи Ватани азизамон -Тоҷикистон саҳм гузоранд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Июнь 2, 2024 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд